Дзюдочиёни тоҷик аз ҷумлаи беҳтаринҳо дар дунё эътироф шуданд

© Sputnik /  / Гузариш ба медиабонкДзюдо. Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон. Акс аз бойгонӣ
Дзюдо. Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Варзишгари тоҷик Шукрона Қаршиева ба рӯйхате ворид шуд, ки тибқи он феҳрасти беҳтарин гуштигирони Федератсияи байналмиллалии дзюдо миёни кадетчиён тартиб дода мешавад.

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Ҳабдаҳ варзишгари Тоҷикистон шомили рӯйхати ҷадиди Федератсияи байналмиллалии дзюдо (IJF) гардиданд.

Ҳамин тавр, Эраҷ Абдуллоев бо касби имтиёзи зиёд дар мақоми 11-и ин феҳраст дар вазни 66 кило қарор дорад. Ӯ 106 холро соҳиб шудааст. Ҳамсоли вай Хуршед Маҷидов дар зинаи 19 дар вазни беш аз 90 кило буда, тибқи ҳисоби ФБД 70 имтиёз гирифтааст.

Салман Рамхудоев дар вазни аз 66 кило поён мақоми 32-ро касб кардааст.

Зимнан, Ёкубҷон Назиров дар мақоми 41 (-73 кг), 43 — Муҳаммадраҳим Сарахонов (-50 кг), 50 — Илхомҷон Ҳафиззода (-66 кг), 55 — Шодибек Рашидов (90 кг), 73 — Соир Шайхуддинов (-60 кг), 126 — Шоҳзод Амонов (-50 кг), 157 — Сомон Маҳмадбеков (-55 кг), 165 — Нуроншо Бодамаев (- 66 кг) ва Ҷамолиддин Абдуллоев дар ҷои 172  (-60 кг) қарор доранд.

Варзишгари тоҷик Шукрона Қаршиева ба рӯйхате ворид шуд, ки тибқи он феҳрасти беҳтарин гуштигирони Федератсияи байналмиллалии дзюдо миёни кадетчиён тартиб дода мешавад.Ӯ дар вазни аз 47 кило поёнтар зинаи 67-умро гирифтааст.

 

Лентаи хабарҳо
0