ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik.Чаҳор санади нав миёни ду кишвар омода шудааст, ки бо ба имзо расидани онҳо бисёр мушкилоти вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия бартараф мешаванд, иттилоъ медиҳад сайти президенти Тоҷикистон.
Шоми рӯзи панҷшанбе президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро, ки барои ширкат дар ҷаласаи Шӯрои вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви СПАД ба Душанбе омада буд, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд.
Манбаъ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон дар оғози сӯҳбат, аз ҷумла изҳор дошт, ки рушди шарикии стратегӣ бо Русия барои Тоҷикистон аз самтҳои афзали сиёсати хориҷӣ барои дарозмуддат аст.
Доир ба ҳамгироии сиёсӣ, амниятӣ, ҳарбию техникӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, сармоягузорӣ ва илмию фарҳангӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Мавзӯъҳои ҳамгироӣ дар соҳаи амнияти минтақавӣ, вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ва ҷалби сармоя ба иқтисоди Тоҷикистон дар маркази таваҷҷӯҳ қарор дошт. Ҷониби Тоҷикистон аз вазъи ҳуқуқии натанҳо муҳоҷирони корӣ, балки донишҷӯёни тоҷик, ки дар Русия таҳсил мекунанд ва ё аз тариқи он ба кишварҳои дигар мераванд, изҳори нигаронӣ намуд.
Қайд гардид, ки чаҳор санади нав миёни ду кишвар омода шудааст, ки бо ба имзо расидани онҳо бисёр мушкилоти вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия бартараф мешаванд.
Манбаъ менависад, наздики 30% тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо Русия сурат мегирад ва дар мулоқот таъкид гардид, ки дар ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ мушкилоте низ вуҷуд доранд, ки ҳаллу фасли худро мунтазиранд.