Ҳавопаймои дуввум бо шаҳрвандони ҶТ аз Яман ба Подмоскове омад

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкШаҳрвандони Русия ва дигар кишварҳо, ки аз Яман берун оварда шудаанд аз ҳавопаймо дар фурудгоҳи Чкаловск поин мешаванд
Шаҳрвандони Русия ва дигар кишварҳо, ки аз Яман берун оварда шудаанд аз ҳавопаймо дар фурудгоҳи Чкаловск поин мешаванд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳавопаймои ВҲФ ФР дар фурудгоҳи Чкаловск ба замин нишаст. Гуфта мешавад, тариқи ин хатсайр шаҳрвандони ҶТ низ аз Яман берун бароварда шуданд.

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Ҳавопаймои дуввуми русӣ шаҳрвандони Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ИДМ-ро аз Яман ба Русия овард, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

Ҳавопаймо дар фурудгоҳи Чкаловски вилояти Маскав пас аз чанд соати фурудоии ҳавопаймои аввал аз Яман ба замин нишаст.

Дар он 150 мусофир қарор дошт. Онҳо асосан шаҳрвандони Русия, Ӯзбакистон, Тоҷикистон, Яман, Беларус, Озарбойҷон, Лаҳистон, Қирғизистону Украина мебошанд.

Амалиёти наҷотдиҳии ВҲФ Русия

Берун овардани шаҳрвандони Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ИДМ, инчунин мисриҳо, ӯрдуниҳо ва либиёгиҳо аз Яман шаби гузашта сурат гирифт.

Намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Маскав Муҳаммад Эгамзод гуфт, 17 шаҳрванди Тоҷикистон ҳам хоки Яманро ба самти Маскав тарк карданд.Дар ҳавопаймои аввал 167 нафар, аз ҷумла 60 кӯдак қарор доранд. Ин ҳавопаймо дар Қоҳира барои сӯзишворӣ ист карда баъдан шом дар шаҳри Маскав фуруд меояд.

Тоҷикон дар Яман: моро берун баред!

"Баъди ин ҳавопаймо бояд тайёраи дуюм ҳам аз фурудгоҳи Санъо нахуст барои гирифтани сӯзишворӣ ба Ҷибутӣ ва баъд ба Маскав меравад. Ҳарду ҳавопайморо шом дар шаҳри Маскав пешвоз мегиранд",- изҳор дошт сафири Тоҷикистон дар Қатар Ардашер Қодирӣ. 

Маврид ба ёдоварист, айни замон дар хоки Яман аз 100 то 150 шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба қасди кор ба он ҷо рафтаанд, қарор доранд. Инҳо асосан табибон, хоҳарони шафқат ва аъзои хонаводаи онҳо мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0