Амири Кувайт ба номаи президенти Тоҷикистон посух дод

© Sputnik / А. Игнатов / Гузариш ба медиабонкКувайт. Акс аз бойгонӣ
Кувайт. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин нома дар ҷавоб ба табрикоти президенти Тоҷикистон аст, ки Амири Кувайтро бино бар солгарди 20-уми барқарории равобити дипломатӣ табрик карда буд.

ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Амири Давлати Кувайт Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ ба паёми табрикотии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 20-солагии равобити дипломатии ду кишвар посух додааст, менависад сомонаи президент.

Амири Кувайт Тоҷикистонро дӯст номида, гуфтааст, ки "бо сипоси беандоза номаи ҳуҷастаи Шуморо, ки зимни он моро ба муносибати 20 солагии барпо шудани равобити дипломатӣ байни Давлати Кувайт ва Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният намудед, қабул кардам".

"Барои таманниёти некатон мо низ Шуморо ба ин муносибати фархунда табрику таҳният мегӯем ва ҳамзамон аз муносибатҳои неки дуҷониба, ки онро рӯҳияи ҳамдигарфаҳмиву қадршиносӣ фарогир аст, меболем. Мо талоши бардавом ва муштараки худро баҳри таҳкими ин равобит ва тавсеаи зарфиятҳои ҳамкории муштарак ба самтҳои фарохтар таъкид менамоем", — омадааст дар матни нома.

31-уми март Эмомалӣ Раҳмон Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳро ба муносибати 20-солагии муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар табрик карда буд.

Президент Раҳмон дар паёмаш гуфта буд, ки "хушҳолам табрикоти самимии худро ба муносибати 20-солагии барқарор гаштани муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Кувайт ба Шумо, Волоҳазрат, иброз намоям ва аз даргоҳи Худованди мутаол ба Шумо сиҳҳатии комил ва дар амри идомаи раҳбарии хирадмандона ба Давлати Кувайт муваффақият орзу намуда, ба мардуми бародари он истиқрору субот, пешравӣ ва шукуфоӣ таманно намоям".

Лентаи хабарҳо
0