ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Радиои ҷадиди "Шаҳри ман" дар маркази маъмурии шимоли кишвар, шаҳри Хуҷанд ба фаъолият оғоз мекунад, иттилоъ медиҳад оҷонсии Авеста.
Ба иттилоъи Наталя Яқубова, як масъули ин расона дар ифтитоҳи пахши барномаҳои радио қарор аст раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ширкат варзад.
"Барои кор дар радио ҷавонони донишҷӯ ва хонандагон ҷалб гардида, мӯҳтавои барномаҳои он аслан фароғатӣ-фарҳангӣ ва иттилоотӣ мебошад",- қайд кард Яқубова.
"Шаҳри ман" даҳумин радиостансияе мебошад, ки дар вилояти Суғд ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард.