Генерал Кларк ду тарҳи кӯмаки ИМА ба Украинаро пешниҳод кард

Обуна шудан
Фармондеҳи пешини неруҳои низомии НАТО дар Аврупо Уэсли Кларк ду тарҳи кӯмаки Амрикоро ба Украина ироа кард.Қисмате аз суханронии генерали амрикоиро дар ҳамоиши Шӯрои Атлантика дар Вашингтон аз ин навор тамошо карда метавонед.

Собиқ фармондеҳи аршади неруҳои эътилофии НАТО дар Аврупо гуфт, Амрико бояд ба Украина кӯмаки низомӣ кунад, аммо аз ирсоли неруҳо дар ҳоли ҳозир худдорӣ намояд. Зимнан, ин афсари баландрутба иброз дошт, ки "ин кӯмак аллакай омода шудааст", вале баъдтар ҳарфашро ислоҳ намуда гуфт, ин барнома "аз ҷониби конгресси ИМА тасдиқ шуд".

"Мо бояд кӯмакро бо шумули неруҳои низомӣ барои ироаи он тайёр намоем ва бо ин васила ба Путин ҳушдор бидиҳем, ки: агар шумо бори дигар ба Украина юриш кунед, ҳамон лаҳза мо низомиёнро ба Киев мерасонем",- гуфт Кларк аснои суханронӣ дар Шӯрои Атлантика дар Вашингтон.

 

Лентаи хабарҳо
0