Ихтисори кормандони Би-би-сӣ дар Тоҷикистон

© SputnikСайт таджикской службы BBC
Сайт таджикской службы BBC - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Би-би-сӣ (BBC) бахши аъзами кормандонаш дар Тоҷикистонро ҷавоб дода, тасмим гирифтааст, торнамои тоҷикии ин расонаро низ бубандад. Аммо расман гуфта нашудааст, далели ин тасмим чист.

ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Би-би-сӣ (BBC) кормандонаш дар Тоҷикистонро ҷавоб дода, торнамо ё сомонаи бахши тоҷикии ин радиоро низ хоҳад баст, менависад "Радиои Озодӣ".

Як манбаи наздик ба дафтари Би-би-сӣ дар Душанбе ба радио гуфтааст, аз ин ба баъд хабарҳои Тоҷикистон дар яке аз гӯшаҳои саҳифаи форсии Би-би-сӣ пӯшиш меёбад.

То кунун 6 рӯзноманигори бахши тоҷикии ин расонаи байналмилалӣ — Мардони Муҳаммад, Искандари Фирӯз, Шамсияи Қосим, Зарринаи Хушвақт, Зеваршоҳи Муҳаммад, Рӯзигул дар Душанбе ва Урунбой Усмонов, хабарнигори бахши ӯзбакии он дар Хуҷанд аз кор ҷавоб шудаанд.

Искандари Фирӯз, хабарнигори ҳоло собиқи Би-би-сӣ, рӯзи 31 март дар тамоси телефонӣ бо "Озодӣ" гуфтааст, раҳбарияташон ҷуброни пеш омадани чунин вазъро пардохт кардаанд. Вале ӯ мегӯяд, ду моҳи пеш баъд аз он ки барояшон гуфтанд, хабарнигорони бахши тоҷикии Би-би-сиро ихтисор хоҳанд кард, барои кор ба расонаи дигар гузаштааст.

Ҳоло дар Душанбе хабарнигори телвизиони форсии Би-би-сӣ — Сӯҳроби Зиё ва масъули бахши русии Би-би-сӣ Анора Саркорова ба фаъолияташон идома хоҳанд дод. Инчунин, Исфандиёри Одина ба ҳайси маъсули намояндагии Би-би-сӣ боқӣ мондааст.

То кунун раҳбарияти Би-би-сӣ расман эълон накардаанд, далели бастани бахши тоҷикии ин расона чист ва чаро чунин тасмим гирифта шудааст. Қарор аст, бахши марказии Би-би-сӣ рӯзи 31 март бо пахши як баёния ба ин вазъият рӯшанӣ андозад.

Би-би-сӣ, ки дар оғоз танҳо аз радио иборат буд, дар даврони Шӯравии пешин мамнӯъ буд ва танҳо хабарнигорони он баъди азҳампошии ин низом ба Тоҷикистон роҳ ёфтанд. Аз ҷумла Маъсумаи Турфа, аз нахустин хабарнигорони Би-би-сӣ буд, ки дар оғози солҳои навадум аз Лондон ба Душанбе омада, даргириҳои дохилии кишварро аз наздик пайгирӣ кардааст.

Муҳиддин Олимпур, нахустин хабарнигори бахши форсии Би-би-сӣ дар Тоҷикистон аст, ки таъсиси дафтари ин расона дар Душанбе бо фаъолияти ӯ мустақим рабт мегирад. Аммо Олимпур соли 1995 ба дасти афроди мусаллаҳ кушта шуд ва ҳамкоронаш ба ироаи гузоришҳо аз Тоҷикистон идома доданд.

Искандари Хатлонӣ — шоир ва рӯзноманигори саршиноси тоҷик аз нахустин гузоришгарони бахши форсии Би-би-сӣ дар Русия буд.

Дар аввал Би-би-сӣ дар Тоҷикистон фақат аз радио иборат буд ва барномаҳояш рӯи мавҷи FM низ пахш мегардид. Аммо баъд аз интихоботи парлумонии соли 2005 мақомоти Тоҷикистон дигар иҷозаи пахши барномаҳои Би-би-сӣ рӯи амвоҷи FM-ро иҷозат надоданд. Баъдан торнамо ва сипас бахши форсии телевизиони Би-би-сӣ ташкил шуд, ки ҳоло дар Тоҷикистон ҳам бинандагони зиёдро ба худ моил кардааст.

Лентаи хабарҳо
0