Изҳори хушнудии Эмомалӣ Раҳмон аз пирӯзии Ислом Каримов

© Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкИслом Каримов
Ислом Каримов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли як барқия аз пирӯзии Ислом Каримов дар интихоботи президентии Ӯзбакистон, ки якшанбеи 29 март барпо шуд, изҳори хушнудӣ кардааст.

ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо як барқияи шодбошӣ Ислом Каримовро барои пирӯзӣ дар интихоботи президентии Ӯзбакистон табрик гуфтааст, менависад сомонаи расмии президент.

"Муҳтарам Ислом Абдуғаниевич, табрикоти самимии маро ба муносибати аз нав интихоб шуданатон ба мақоми олии президенти Ҷумҳурии Ӯзбакистон бипазиред", — омадааст дар номаи Эмомалӣ Раҳмон.

"Мо ин муждаро бо изҳори қаноатмандӣ қабул намудем. Аз нав интихоб шудани Шумо далели эътимоди воло ва натиҷаи роҳбарии хирадмандонаи дар самти рушди ҳамаҷонибаи Ӯзбакистон равонашудаи Шумо, таҳкими иқтидору баланд бардоштани некӯаҳволии мардуми он мебошад", — тазаккур додааст президент.

Вай ҳамчунин дар идома гуфтааст, мутмаин аст, ки дар ин давра муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистону Ӯзбакистон омили муҳими таъмини амният ва субот дар минтақа, ҷавобгӯи манфиатҳои бунёдии кишварҳо ва халқҳо гардида, бо намунаҳои нави ҳамкориҳои судманд ғанӣ мешаванд.

"Ҷониби Тоҷикистон пурра омода аст барои анҷом додани ин кори хайр тамоми кӯшишҳои заруриро ба харҷ диҳад", — илова кардааст Эмомалӣ Раҳмон.

Масъулини Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбакистон рӯзи 30 март дар пайи як нишасти хабарӣ эълон кардаанд, Ислом Каримови 77-сола дар интихобот наздик ба 90 дарсади раъйи овоздиҳандаҳоро соҳиб шудааст.

Ислом Каримов 30 январи соли 1938 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Аз соли 1989, вақте котиби аввали Кумитаи марказии Ҳизби коммунистӣ шуд, Ӯзбакистонро раҳбарӣ мекунад. Моҳи марти соли 1990 дар ҷаласаи Шӯрои олии Ӯзбакистони шӯравӣ президент интихоб гардид ва дар чанд интихоботи раёсатҷумҳурие, ки дар кишвараш баргузор шуд, дастболо гардид.

Каримовро дар Тоҷикистон ба унвони рақиби сарсахти бунёди неругоҳи "Роғун" мешиносанд. Дар масъалаи истифодаи об Тошканд ҳамеша бо Душанбе ихтилофи назар дорад. Боздошти қаторҳо, мошинҳои молу коло дар қаламрави Ӯзбакистонро ҳам ба ҳамин ихтилофҳо рабт медиҳанд.

Лентаи хабарҳо
0