Ҷаласаи нахустини Маҷлиси миллӣ дар моҳи апрел сурат мегирад

Обуна шудан
17-уми апрел ҷаласаи нахустини Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парламенти Тоҷикистон баргузор мешавад.

ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik Дар ин бора фармони дахлдори президент Эмомалӣ Раҳмон содир шудааст, хабар медиҳад сайти расмии райисҷумҳур.

Дар назар аст, ки дар нахустин ҷаласаи палатаи болоии парлумони кишвар раис ва муовинони ӯ, инчунин раисони кумитаҳо интихоб шаванд.  

Қайд бояд кард, ки 27-уми март интихоботи Маҷлиси миллӣ баргузор шуд. Аз 33 вакили палатаи болоии парлумон 25 нафараш аз 5 ҳавзаи ҷумҳурӣ интихоб шуда, 8 нафари боқимондаро президент таъин мекунад. Ҳамчунин, собиқ президенти Тоҷикистон (дар ҳоли ҳозир Қаҳҳор Маҳкамов) аъзои 34-уми сенати кишвар аст.

Тибқи фармони президент 17-уми апрел ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузор мешавад.

Лентаи хабарҳо
0