Сорос омодааст ба иқтисоди Украина $1 миллиард маблағгузорӣ намояд

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкТоҷири амрикоӣ Ҷорҷ Сорос. Акс аз бойгонӣ
Тоҷири амрикоӣ Ҷорҷ Сорос. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Украина дар пешорӯи вазъи вахими сиёсӣ қарор дошта, он ба иқтисоду буҷаи он кишвар таъсири манфӣ мерасонад ва давлатро ба бунбаст мувоҷеҳ мекунад. Ҳукуматдорон бо кӯмаки сармояи хориҷӣ умед баста, вазъро танзим карданианд.

ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Бунёнгузор ва роҳбари Open Society Foundations Ҷорҷ Сорос дар мусоҳиба бо нашрияи Standard гуфтааст, ӯ метавонад ба иқтисоди Украина дар ҳаҷми миллиард доллар сармоягузорӣ кунад, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

Нашрия бо ишора ба маблағгузории муассису бунёдгузори ширкати Microsoft Билл Гейтс барои рушди Африқо дар ҳаҷми 1 миллиард доллар аз Сорос пурсид, ки оё ӯ омодаи ин кор барои Украина ҳаст? Сорос дар посух гуфт: "Ман омодаам".

"Идеяҳои мухталифи маблағгузорӣ ҳастанд, аз ҷумла сармоягузорӣ дар бахши кишоварзӣ ва тарҳҳои зербаноӣ. Ман омодаам, миллиард доллар саҳмгузорӣ кунам",- афзуд Сорос.

Шӯрои мудирони Сандуқи байналмилалии пул барномаи чаҳорсолаи маблағгузорӣ ба иқтисорди Украинаро дар ҳаҷми 17,5 миллион доллар тасдиқ намуд. Яке аз шартҳои СБП баландбардории нархи истифодаи газ ва гармӣ барои аҳолӣ то сатҳи бозори ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад.

Лентаи хабарҳо
0