ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Дар додгоҳи шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, баррасии парвандаи як сокини Исфара ба иттиҳоми узвият дар Ҳаракати исломии Ӯзбакистон оғоз шудааст, менависад "Радиои Озодӣ".
Масъулони додгоҳ аз ин фард Б.Ш. ном бурда ва мегӯянд, вай соли 2006 дар Русия ба Ҳаракати исломии Ӯзбакистон шомил шудааст.
Ҳамчунин, барои боздошти 3 пайванди Б.Ш, ки низ дар Русия узви Ҳаракати исломии Ӯзбакистон будаанд, ҷустуҷӯ эълон шудааст. Б.Ш моҳи январи соли ҷорӣ дар шаҳри Исфара аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт шудааст.
Шурӯи мурофиаи ин фард дар додгоҳи шаҳри Хуҷанд дар ҳолест, ки бозбинии парвандаи як гурӯҳи 10-нафарии сокинони Исфара, ки ба узвият дар ҳаракатҳои ифротгароӣ муттаҳам дониста мешаванд, оғоз шудааст.
Фаъолияти Ҳаракати исломии Ӯзбакистон аз солҳо қабл дар Тоҷикистон мамнуъ эълон шуда, худи гуруҳ созмони террористӣ шинохта шудааст. То кунун додгоҳҳои кишвар даҳҳо тан аз шаҳрвандоро бо иттиҳоми узвияти ин созмон муҷрим шинохта, зиндонӣ кардаанд.