ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон 30 март бо имзои фармон ва қарорҳои ҳукумат дар вазорату идораҳои давлатӣ тағйироти кадриро амалӣ кард, менависад сомонаи президент.
Ҳамчунин раисҷумҳур 6 узви Маҷлиси Миллӣ-палатаи болоии парлумони кишварро таъин намудааст.
Бо қарорҳои президент Саидраҳмон Назриев, ки то ин вақт муовини вазири рушди иқтисод ва савдо буд, муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо таъин шуд.
"Хол Ҳайдар муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нав, Саъдулло Гардуллозода муовини вазири саноат ва технологияҳои нав, Сӯҳроб Мирзоев муовини якуми вазири нақлиёт, Ҷамшед Шерматов муовини вазири молия ва Ҷамшед Шоимов муовини вазири энергетика ва захираҳои об таъин гардиданд", — омадааст дар сомона.
Бо амрҳои дигари раисиҷумҳур инчунин Шараф Файзуллоев сардори раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи президент, Зафаршо Иброҳимов муовини якуми директори муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Шаҳло Неъматова муовини директори муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон таъин шуданд.
Дар зумраи 6 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, ки имрӯз бо фармони Эмомалӣ Раҳмон таъин шудаанд, дафтари матбуоти раисиҷумҳур Фарҳод Раҳимӣ — Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон; Хайрулло Сафарзода — директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи Нерӯгоҳи барқии обии Роғун; Саодат Аминҷонова — муовини сартабиб оид ба корҳои муолиҷавии беморхонаи клиникии шаҳрии №1, ба номи С.Урунови шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд; Меҳринисо Бобобекова — раиси бунёди байналмилалии Хубони порсигӯ; Мурзабай Ҷошбаев — раиси ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон; Абдурасул Насимов — раиси ҷамоати деҳоти Фрунзеи ноҳияи Ҷалолиддини Румиро номбар кард.
Сомона менависад, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи кадрҳои навтаъин барору комёбӣ таманно намуда, онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватан даъват кардааст.