ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Мунтахаби футболи наврасони зери 15-солаи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии «Sport for Tomorrow Japan-Central Asia U —15 Football Exchange Programme», ки рӯзи 29-уми март дар шаҳри Осакаи Ҷопон хотима ёфт, мақоми дувумро касб кард, менависад сайти Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ба қавли манбаъ, футболбозони навраси тоҷик бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар бозии ниҳоӣ бо ҳамсолони худ аз Эрон вориди рақобат шуданд.
"Вақти асосии асосии бозӣ бо ҳисоби мусовии 0:0 ба поён расид. Аснои задани силсилаи пеналтӣ кори футболбозони навраси эронӣ омад кард ва онҳо бо ҳисоби 8:7 пирӯз шуданд",- иттилоъ медиҳад манбаъ.
Барои ҷойи севвум бошад, мунтахаби наврасони Ҷопон тими Қирғизистонро бо ҳисоби бузурги 7:0 шикаст дод.
Тими мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои Қирғизистон, Туркманистон, инчунин Академияи Ассотсиатсияи футболи Ҷопон ва КФ «Токио» бозӣ кард. Ба гурӯҳи «В» дастаҳои мунтахаби Ӯзбакистон, Афғонистон, Эрон, Ҷопон, инчунин тими ҷопонии «Киото Санга» дохил буданд.