ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Музди миёнаи меҳнат дар Украина бо қиёс ба арзи амрикоӣ босуръат коҳиш ёфта ба $169 баробар шуд, ки ин нишондод дар Тоҷикистон муодили $168 аст, менависад сайти Кумитаи омори ИДМ.
Украина ва Тоҷикистон давлатҳои бо нишондоди пасттарин аз рӯйи нишондоди музди миёнаи маош дар қаламрави ИДМ маҳсуб меёбанд.
Шабакаи телевизионии "Украина" дар барномаи "Имрӯз" ("Сегодня") дар ин бора эълом дошт. Ба қавли манбаъ, дар Украина ҳақмузди миёнаи кор ба $131 расид ва ин бо нишондоди кишварҳои начандон рушдёфта аз қабили Покистон ва Камбоҷа баробар аст. Дар ин ду давлат маоши миёнаи моҳона $121 аст.
Ровии ин шабака гуфт, қиёс кардани маоши миёнаи украиниҳо бо аврупоиҳо, масалан бо Олмон (($3743) маъно надорад. Дар Литва, кишвари дигари пасошӯравӣ бошад, ин нишондод барои як моҳ ба 670 доллари амрикоӣ баробар аст.
Ба иттилоъи Кумитаи омори ИДМ, музди миёнаи кор дар Қирғизистон, ҷумҳурии ҳамсоя ба Тоҷикистон ба $260 баробар аст. Дар бораи ҳақмузди моҳона дар Ӯзбакистон ва Туркманистон маълумот дода нашудааст.
Гуфта мешавад, нишондоди аз ҳама болотарин дар соли гузашта мансуби Қазоқистон ($821,7) мебошад. Дар Русия- $726,4, Арманистон- $457, Озарбойҷон- $446, Беларус- $464,9 ва Малдова- $259,5 маоши моҳона ба қайд расидааст.
Маълумот аз рӯйи қурби муайяншудаи асъори амрикоӣ дар қиболи арзи миллии кишварҳои ИДМ ба рӯзи 25 март пешниҳод шудааст.