Ду корманди Агентии зидди нашъа бо $83 ҳазори пора боздошт шуданд

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкДоллари ИМА. Акс аз бойгонӣ
Доллари ИМА. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Оҷонсии зидди коррупсия ду корманди собиқадори Оҷонсии назорати маводи мухаддирро бо 83 ҳазор доллари пора боздошт карданд.

ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Ду мансабдори Агентии назорати маводи нашъаовар бо иттиҳоми пораситонӣ ба маблағи калон боздошт шудаанд, менависад сомонаи CA News.

Полковник Саидмухтор Беков, сардори шуъбаи тафтишотии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эргаш Маликов, сардори шуъбаи панҷуми Раёсати фаврӣ-ҷустуҷӯии ин ниҳод барои ситонидани 83 ҳазор доллар ришва муттаҳам мешаванд.

Моҳи январи соли равон аз ҷониби кормандони Агентии зидди маводи нашъаовар ду нафар бо гумони паҳн намудани маводи мухаддири маснуъии-"экстаз" боздошт ва нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз мекунанд. Беков ва Маликов барои "сабук" кардан ва аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардани боздоштшуда, инчунин баргардондани худрави тамғаи BMW Х5 аз бародари боздоштшуда 50 ҳазор доллар талаб мекунанд. Моҳи феврал 42 ҳазор доллари онро ба даст овардаанд.

Вале моҳи марти соли равон Беков ва Маликов дубора бо бародари боздоштшуда мулоқот карда, барои "мулоим" кардани моддаи Кодекси ҷиноӣ боз 80 ҳазор доллари дигар талаб мекунанд, 19-уми март, замоне, ки хадамоти зиддикоррупсионӣ Маликовро боздошт мекарданд, вай аллакай 41 ҳазор доллари ваъдагиро дар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ гирифта буд.

Кормандони Оҷонсии зиддикоррупсия дар дафтари кории Беков тафтиши хизматӣ гузаронида, аз утоқи кории вай 23 ҳазор доллареро, ки пештар ситонида буд, мусодира карданд.

Саидмухтор Беков аз ҷумлаи кормандони собиқадори Агентӣ дониста мешавад, ки солҳои зиёд муфаттиш, сармуфаттиш, муовини сардори шуъбаи тафтишотӣ кор карда, ахиран баъди барканории сардори пешини шуъба, полковник Додоматов сарварии ин шуъбаро дар ихтиёр гирифтааст.

Эргаш Маликов низ аз ҷумлаи кормандои пуртаҷрибаи хадамоти фаврӣ дониста мешавад.

Лентаи хабарҳо
0