Барфи ғайриинтизор дар навоҳии Суғд

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкРезиши барф. Акс аз бойгонӣ
Резиши барф. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бориши барф дар айёми баҳори имсола сокинони Хуҷандро ғофилгир кардааст. Маркази обуҳавошиносӣ мегӯяд, шаби гузашта дар Қайроққуму Истаравшан ва Панҷакент низ барф борид.

ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Дар рӯзҳои охири моҳи марти имсол ғайриинтизор дар Хуҷанд, маркази вилояти Суғд барф борид ва ин минтақаро дар оғӯши худ гирифт, менависад "Радиои Озодӣ".

Боду ҳавои Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Маркази обуҳавошиносӣ: се рӯзи оянда ҳаво сардтар мешавад

Хабарнигори ин радио дар Хуҷанд гуфтааст, бориши барф шоми 29 март оғоз ёфта, то субҳи 30 март идома карда, дар субҳи 30 март дамои ҳавои Хуҷанд то 4 дараҷа сард будааст.

Масъулони маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯянд, шаби гузашта инчунин дар Қайроққуму Истаравшан ва Панҷакент низ барф боридааст. Онҳо аз бориши барфи зиёд дар баландкӯҳҳо низ хабар дода, гуфтанд, эҳтимол бориши барф дар ағбаҳо боиси мушкил шудани равуо шавад.

Ба қавли масъулони маркази обуҳавошиносӣ, имрӯз дар бисёре дигар аз минтақаҳои кишвар, аз ҷумла Душанбе борон меборад ва ҳаво то 10 дараҷа гарм хоҳад буд.

Ин бори аввал нест, ки дар айёми фасли баҳор дар минтақаҳои Тоҷикистон барф борида, гаштугузори сокинон дар хиёбонҳо ва инчнуин кори кишоварзонро мушкилтар мекунад. Соли 2013 дар Душанбе низ дар оғози моҳи март барфи зиёд борида, сокинонро ғофилгир карда буд.

Лентаи хабарҳо
0