КМИ Ӯзбакистон: интихоботи президентӣ баргузор шуд

© Flickr \ Aleksandr ZykovТошканд. Акс аз бойгонӣ
Тошканд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба иттилоии нозирони интихоботӣ маросими интихоботи райисҷумҳури Ӯзбакистон дар чорчӯби меъёрҳои байналмилалӣ ва бо ҳузури фаъоли овоздиҳандагон баргузор шуд.

ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Раиси Кумиссиюни марказии интихобот Мирзо-Улуғбек Абдусаломов дар нишасти матбуотии рӯзи якшанбе дар Тошканд гуфт, дар интихоботи рӯзи 29 марти раёсати ин ҷумҳурӣ 91 фоизи райъдиҳандагон ширкат карданд, менависад сайти КМИ ҶӮ.

"Овоздиҳӣ дар беш аз 9000 қитъаи раъйдиҳӣ дар интихоботи рӯзи 29 марти президентии ин кишвар анҷом ёфт,  дар интихоботи рӯзи 29 марти раёсати ин ҷумҳурӣ аллакай 91,1 фоиз ё 18 миллиону 928 ҳазор интихобкунандагони сабтиномшуда   овоз додаанд",- гуфт  раиси КМИ Ӯзбакистон.

Ислом Каримов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ислом Каримов муҷаддадан раиси ҷумҳур шуданист

Ба иттилоии нозирони интихоботӣ маросими интихоботи райисҷумҳури Ӯзбакистон дар чорчӯби меъёрҳои байналмилалӣ ва бо ҳузури фаъоли овоздиҳандагон баргузор шуд.

Ба қавли манбаъ, дар тӯли рӯзи овоздиҳӣ ба ин ниҳод ягон шикоят дар бораи қонуншиканӣ дар ҷараёни овоздиҳӣ нарасидааст. Қайд кардан зарур аст, ки КМИ ҶӮ аллакай соати даҳи субҳи 29 март ба вақти маҳаллӣ интихоботи президентии ин кишварро баргузор шуда эълон карда буд. Дар иттилоияи ин кумиссиюн гуфта мешавад, то соати 10:00 аз 20 миллион 798 ҳазору 52 шаҳрванди шомилшуда ба рӯйхати интихобкунандагон аллакай беш аз 36,55 дарсадашон дар овоздиҳӣ ширкат карданд.

Дар ин маърака 21 миллион мардуми соҳиби ҳаққи овоздиҳии Ӯзбакистон бояд аз байни 4 номзад раҳбари ин кишвари Осиёи Марказӣ барои 5 соли ояндаро интихоб кунанд. Дар баробари Ислом Каримов дар интихоботи президентии Ӯзбакистон 3 номзади дигар — Ҳотамҷон Кетмонов, раиси ҳизби халқии демократӣ, Наримон Умаров, раиси ҳизби сотсиал-демократи "Адолат" ва Акмал Саидов, раиси маркази ҳуқуқи башар ва узви фирқаи порлумонии ҳизби демократии "Эҳёи миллӣ" ("Миллий Тиқланиш")  низ сабти ном шудаанд.

Ислом Каримов соли 1989, баъди раиси Шӯрои Миллатҳо, яке аз маҷлисҳои парлумони Иттиҳоди Шӯравӣ интихоб шудани Рафиқ Нишонов ба мақоми котиби якуми кумитаи марказии ҳизби ҳокими коммунисти Ӯзбакистон расид ва соли баъд раиси Шӯрои олӣ ва дар соли 1991 раисиҷумҳури Ӯзбакистон интихоб шуд. Ӯ ба ин тартиб, инак 26 сол боз ин кишвари пураҳолитарини Осиёи Марказиро идора мекунад ва бо касби боз як давраи раёсат метавонад то соли 2020 дар мақоми раҳбарии Ӯзбакистон хоҳад монд.

Натиҷаи қаблии интихоботи райисҷумҳурӣ дар Ӯзбакистон соати 16-00 рӯзи 30 март эълом хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0