ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Раиси Шӯрои уламои дини Маркази исломии Тоҷикистон Сайидмукаррам Абдулқодирзода аз қатли зани 27 сола дар Кобул, ки мардҳо дар сӯзонидани Қуръон муттаҳам карда буданд, интиқод кард, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.
Латукӯби Фархунда то марг ва сӯзонидани ҷасади ӯро Абдулқодирзода дар мусоҳиба бо радио "амали тундгароёна ва ифротӣ" унвон кард.
"Ин амал ба ҳеҷ ваҳҷ ба дифоъи Қуръон — китоби муқаддаси мусалмонон равон нашудааст. Баръакс, ин хилофи Ислом мебошад. Чунин аъмол ба эътибори Ислом латма ворид мекунад. Мо аз ин амал интиқод мекунем, зеро он мухолифи аҳкоми исломӣ мебошад", — гуфти муфтӣ.
Вай ҳамчунин зикр кард, ки ин ин қатлро эҳтимол дорад, ки афроде анҷом додаанд, ки аз донишҳои кофии исломӣ бархурдор нестанду дунболи ақоиди ифротгароёна ва эҳсосот рафтаанд, менависад радио.
Қаблан хабаргузории афғонистонии Khama Press гузориш дода буд, ки ҷунбиши Толибон ваъда додааст, ки куллияи афроде ширкаткарда дар қатли Фархунда дар Кобул шадидан муҷозот мешаванд.
"Ҳоло рӯшан шуда, ки ин амали тарҳрезишудаи чанд нафар буд. Аморати Исломӣ аз афроде, ки ин иқдомро тарҳрезӣ карда аз Қуръон сӯъистифода карданд ва шахси бегуноҳро ба қатл расониданд, интиқод мекунад. Мо ҳамчунин ба хонаводаи вай изҳори тасаллият мекунем. Мо тасмим гирифтем, ки куллия афроди дар пайи ин қатл қарор доштаро шадидан муҷозот кунем, то дар оянда аз вуқӯъи чунин аъмол ҷилавгирӣ шавад", — иқтибос овардааст хабаргузорӣ аз намояндаи расмии ҷунбиши Толибон Забиуллоҳ Муҷоҳид, ки матни баёнияро рӯзномаи Express Tribune мунташир кардааст.
Дар остонаи таҷлил аз Наврӯз дар Кобул дар рӯзи равшан издиҳоми мардони хашин зани 27 сола, ки номаш Фархунда аст, то маргаш латукӯб карда ва сипас ҷасади ӯро оташ заданд. Дертар дар шабакаҳои интернетӣ наворӣ латукӯби зан пахш шуд, ки ӯро дар сӯзонидани Қуръон муттаҳам карда буданд.
Аммо дертар расонаҳои Афғонистон ба истинод ба ниҳодҳои интизомӣ хабар доданд, ки тибқи таҳқиқот зани ҷавон бегуноҳ буд ва куллияи иттиҳомот алайҳаш бепоя буданд.
Ба навиштаи РИА Новости, 24 март баъд аз чанд рӯзи ҷанозаи Фархунда чанд ҳазор аз сокинон дар пойтахти Афғонистон гирдиҳамоӣ карда тақозо доштанд, ки афроди муттаҳам дар қатли ин зани ҷавон муҷозот шаванд. Мубтакирон эълом доштанд, ки дар таърихи Кобул ин бузургтарин ҳамоиши эътирозӣ буд.
Эътирозгарон дар даст лавҳаҳое бо акси хунолуди ин қурбонӣ доштанд ва садоҳое баланд мешуд, ки "Адолат барои Фархунда" ва "Марг ба қотилон!". Онҳо ҳамчунин тақозо доштанд, ки намояндагони мақомот ва мазҳабиёне, ки аз ин қатл пуштибонӣ карда иддаъо доштанд, ки ин қатл ба далели сӯзонидани чанд саҳфа аз Қуръон аз сӯйи Фархунда сурат гирифтааст, низ бояд муҷозот шаванд.
Расонаҳои Афғонистон аз боздошти 28 нафар ба иттиҳоми мушорикат дар қатли Фархунда ва барканории 13 маъмури пулис, ки аз издиҳоми интиқомгирандагон ҷилавгирӣ накарданд, хабар доданд.