Ширкати “Фанагория” содироти шароби гаронарзишро ба ҶТ ба роҳ монд

© Sputnik / Макс Ветров / Гузариш ба медиабонкКоллексия шароб. Акс аз бойгонӣ
Коллексия шароб. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Масоҳати боғи ангури ширкати “Фанагория” майдони беш аз 2,8 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Ин корхона тамоми зинаҳои саноати шаробсозиро дорад.Фоидаи ширкати “Фанагория” дар соли 2014 беш аз 2,8 миллиард рубл унвон мешавад.

ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Тоҷирони тоҷик ворид кардани шароби гаронарзиши ширкати "Фанагория"-ро барои ашхоси доро ва меҳмонони хориҷӣ оғоз карданд, менависад сомонаи ин корхона.

Ба қавли сардори бахши содироти ширкати "Фанагория" Михаил Лелюк, ду сол қабл аз ин як ширкат аз Тоҷикистон барои ворид кардани машрубот дархост дода буд ва инак омодагиашро изҳор дошт.

"Чанд рӯз пеш мо 7 ҳазор адад шиша шароби гаронарзиши тамғаҳои "Крю Лермонт", "Номерной резерв", "Авторское вино"-ро ба Тоҷикистони равон кардем. Ин маҳсулот дар қисмати HoReCa (меҳмонхона, ҳутал ва тарабхонаву маконҳои дилхушӣ) харидори бештар дорад. Дар Тоҷикистон асосан одамони доро ва меҳмонони хориҷӣ шароб истеъмол мекунанд",- қайд кард Лелюк.

Президенти Иттиҳодияи шаробкашӣ ва ангурпарварии Русия Леонид Попович гуфт, содироти шароб аз бартариятҳои кори шаробсозони рус маҳсуб ёфта, дар оянда он рушд хоҳад кард.

 Дар тобеъияти ширкати "Фанагория" дар ҳоли ҳозир хоҷагиҳои ангурпараварии "Фанагория-Агро" ва "Фанагория-Юг", инчунин фирмаи агросаноатии "Фанагория" мавҷуд мебошанд.

Масоҳати боғи ангури ширкати "Фанагория" майдони беш аз 2,8 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Ин корхона тамоми зинаҳои саноати шаробсозиро дорад.Фоидаи ширкати "Фанагория" дар соли 2014 беш аз 2,8 миллиард рубл унвон мешавад.

Лентаи хабарҳо
0