ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Аз гумонбаршуда дар маҳаллаи 31-уми шаҳри Хуҷанд ҳангоми машғул буданаш бо хариду фурӯши маводи мухаддир дар ҳаҷми беш аз 5 кило ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд, менависад сайти ВКД ҶТ.
Ба иттилои манбаъ, рӯзи гузашта аснои баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ сокини 32-солаи шаҳри Хуҷанд аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар нақлиёт бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир гардид.
"Ташхис нишон дод, ки вазни умумии маводи дарёфтшуда 5 килою 470 граммро ташкил медиҳад",- меафзояд сарчашма.
Нисбати ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.