Милиса дар Хуҷанд худкушро наҷот дод

© Sputnik / Евгений Епанчинцев / Гузариш ба медиабонкДарё. Акс аз бойгонӣ
Дарё. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пулис занеро, ки мехост худро ғарқ кунад аз дарё берун кашид.

ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Корманди мақомоти милиса дар Хуҷанд як занро, ки мехост худро дар рӯдхонаи Сир ғарқ кунад, наҷот дод, иттилоъ медиҳад ОИ Авеста.

Рӯзи 25 март Парвиз Ёқубов, сержанти милиса аз ШВКД Хуҷанд дид, ки зане худро ба дарё Сир партофт.

Акбар Шарпифов, сарвари хадамоти матбуотии РКД вилояти Суғд мегӯяд, шояд ба ин роҳ зан мехост худкушӣ кунад, аммо корманди милиса Ёқубов ба кӯмаки ӯ расида, занро аз ғарқшавӣ наҷот дод.

Шахсияти зан аллакай маълум гардидааст. Ӯ сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд буда, 28 сол дорад. Додситонӣ дар ҳоли ҳозир сабабҳои даст ба худкушӣ задани ин шаҳрвандро таҳқиқ мекунад.

Ба қавли Шарифов, роҳбарияти раёсати умури дохилӣ иқдоми кормандашонро тақдир карда, ба ӯ мукофот доданист.

Лентаи хабарҳо
0