ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Бозии дӯстона миёни тими мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Молдивро гурӯҳи доварон аз Шри-Ланка назорат мекунанд, менависад сайти Федератсияи футболи Тоҷикистон.
"Куттиаппа Раҷаратнам Прашантх Раҷакришнаи 36-сола довари асосии бозӣ хоҳад буд, ки таҷрибаи зиёд надорад ва ин аввалин бозии сатҳи байналмилалие дар соли равон мебошад, ки доварӣ мекунад. Ӯро ду довари 26-сола ва 39-солаи ҳамватанҳояш кӯмак мекунанд",- меафзояд сарчашма.
Ҳамзамон, Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон ҳайати дастаашро ба бозии дӯстона бо тими миллии Молдив эълон кард.
"Мо омодагиро ба бозии дӯстона бо мунтахаби Молдив рӯзи панҷшанбеи 19-уми март шурӯъ кардем. Ҷамъомади панҷрӯзаи таълимиву тамринии даста дар Имороти Муттаҳидаи Араб баргузор шудааст. Ба рӯйхат ҳамагӣ 19 футболбоз — 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 5 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар дохиланд",- иброз доштааст Муҳаммадиев.
Бозӣ 26-уми март дар Майдони миллӣ дар пойхати Молдив шаҳри Мали баргузор мегардад.