ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Заур Дадаев, ки дар қатли сиёсатмадор гумонбар дониста мешавад, аз эътирофаш дар бораи даст доштан дар қазия даст накашидааст, иброз дошт ба РИА Новости адвокати ӯ Иван Герасимов.
"Ҳоло зерҳимояи мо аз эътирофаш даст накашидааст, дар ин бора ҳанӯз барвақт аст. Мо фақат ба ҳайси гумонбар аз рӯзи 8 март эътирофи ӯро дар даст дорем",- гуфт вакили мудофеъ.
Дар ҳоли ҳозир ҳимоячиён паҳлӯҳои дигари қазияро таҳқиқ мекунанд.
"Таҳқиқи қазия идома дорад. Сабаб ва омилҳои он ҳанӯз рӯшан нест. Зерҳимояи мо ҳоло фақат гумонбар асту бас",- қайд кард Герасимов.
Борис Немтсов шаби 28 феврали соли равон дар маркази шаҳри Маскав, дар наздикии Кохи Кремл ба қатл расид. Сиёсатмадори маъруф дар аввали солҳои 90-и садаи гузашта дар мақомҳои олии роҳбарикунандаи ФР кор карда, дар оғози соли 2000-ум ба сафи мухолифини ҳукумат пайваст.