Бузкашӣ варзиши суннатии халқҳои Осиёи Марказӣ аст. Дар ин навъи варзиш ва ё бозӣ саворон ва ё ҳамон тарзе, ки миёни ҳаводорони бузкашӣ маъмул аст, човандозон (ва ё чопандозон)-и моҳир ва ҷасур рақобати диловаронаеро ба намоиш мегузоранд.
Дар ҳар кадоме аз кишварҳое, ки бузкашӣ он ҷо ривоҷ дорад — Тоҷикистон, Афғонистон, Қирғизистон, Ӯзбакистон ва Туркманистон ин навъи бозӣ вижагиҳои худро дорост.
Дар бархе аз навиштаҳои таърихӣ ва ковишҳои муҳаққиқон зикр шудааст, ки бузкашӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар асрҳои 11-ум ва 12-ум, дар давраи Чингизхон ҷоиз шудааст.

1/10
© Sputnik / Амир Исаев
Ин рӯз барои бузкашӣ хеле мусоид буд.

2/10
© Sputnik / Амир Исаев
Тамошобинон на дар майдони сунъӣ, балки болои талу теппа ва рӯйи сабзаи нарм аз тамошои мусобиқа лаззат мебурданд.

3/10
© Sputnik / Амир Исаев
Дар ин бозӣ аспсаворони зиёд ширкат доштанд.

4/10
© Sputnik / Амир Исаев
Кулоҳи танкчиён барои сабқат аз ҳама чизи асосӣ маҳсуб меёбад.

5/10
© Sputnik / Амир Исаев
Лошаи буз миёни саворон аз даст ба даст мегузарад.

6/10
© Sputnik / Амир Исаев
Дар маркази майдон рақобати шадид барои ба даст овардани лошаи буз идома дорад.

7/10
© Sputnik / Амир Исаев
Ҳамин ки яке аз саворон лошаи бузро ба даст гирифт, аз пушти ӯ дигарон ба "ҳуҷум" мегузаранд.

8/10
© Sputnik / Амир Исаев
Бузкашӣ ҳам бе довару ҳакам нест.

9/10
© Sputnik / Амир Исаев
Дар бозии бузкашӣ на фақат тамошои он, балки назора кардан ба зоти аспҳо ҳам ҷолиб аст.

10/10
© Sputnik / Амир Исаев
Фақат ин шутур ба тамошои бузкашӣ саргарм нест. Шутур ба ҳайси мукофот дар ин ҷо ҳузур дорад. Ба ҷузъ ин, қолину автомобил низ ҷоизаҳои сабқат ба шумор мераванд.