Фавти чор нафар дар пайи садамаҳои нақлиётии як шабонарӯзи гузашта

© Sputnik / Илья ПиталевСадамаи нақлиётӣ. Акс аз бойгонӣ
Садамаи нақлиётӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тайи як шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ чор садамаи нақлиётӣ ба қайд расида, дар пайи он кушташудаҳо ва ҷароҳатбардоштагон, аз ҷумла ноболиғон ҳастанд.

ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Дар садамаҳои нақлиётии як шабонарӯзи гузашта чор кас ҳалок шуда, шаш тани дигар ҷароҳат бардоштаанд, иттилоъ медиҳад сомонаи ВКД Тоҷикистон.

Рӯзи сешанбе, ронандаи автомашинаи тамғаи "КАМАЗ" Шермат Ғоибови 49-сола, сокини шаҳри Ваҳдат ҳангоми ҳаракат аз самти Кӯлоб ба тарафи шаҳри Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Данғара аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи "Опел-Астра, таҳти идораи ронанда Асомуддин Одинаеви 40-сола, сипас ба автомашинаи тамғаи "Ланос" бармехӯрад.

"Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи "Ланос" Чалишов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Мусофирони автомашианаи сабукрав бо захмҳои сангин дар беморхона бистарӣ гардидаанд".

Ҳамзамон, рӯзи 24 март ронандаи  "Опел-Астра"  Исолҷон Ҳоҷибоеви 26-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Саидхоҷа Урунхуҷаеви ҷамоати деҳоти Унҷӣ бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард  Саодат Юлдошеваи 37-соларо пахш намуда, аз роҳ баромада ба дари ҳавлии канори роҳ бархӯрдааст. Дар натиҷа пиёдагард ва мусофири автомашинаи мазкур ноболиғ Иномҷон Ҳоҷибоеви 8-сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Зимнан, дар ҳамин рӯз ронандаи "Опел" Илҳом Убайдуллоеви 31-сола, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархасавори ноболиғ Аббосзода Абдуҳофизи 14-соларо пахш намудааст. Дар натиҷа охирон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона интиқол ёфтан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст. 

Лентаи хабарҳо
0