Довари тоҷик дар Чемпионати Осиё-2016 ҳакамӣ мекунад

© ФФТБаҳром Саъдуллоев. Акс аз сомонаи ФФТ
Баҳром Саъдуллоев. Акс аз сомонаи ФФТ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аъзои шӯъбаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон, ёвари рефери ФИФА Баҳром Саъдуллоев бозиҳои марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 байни ҷавононро хизматрасонӣ мекунад.

ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Баҳром Саъдуллоеви 41-сола ба ҳайати доварон дар мусобиқаи даври интихобии Чемпионати Осиё-2016 шомил гашт, иттилоъ медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Саъдуллоев бозиҳои гурӯҳи "Е"-и ин мусобиқаро, ки аз 27 то 31-уми март дар пойтахти Бангладеш — Дакка баргузор мешаванд, хизматгузорӣ хоҳад кард.

Дар ин гурӯҳ, ба иттилои ФФТ, ба ғайр аз соҳибони майдон мунтахабҳои ҷавонони Сурия, Узбекистон ва Ҳиндустон барои баромадан ба марҳилаи ниҳоӣ рақобат мекунанд. Марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2016 байни мунтахабҳои ҷавонон январи соли оянда дар Қатар баргузор мешавад. Аз гурӯҳ танҳо дастаи ҷои якум ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат мегирад.

Дар ин ҳафта, ёдовар мешавад ФФТ, Баҳром Саъдуллоев дар ҳайати бригадаи довари Туркманистон Чоримурат Қурбонов бозии марҳилаи сеюми Ҷоми КФО-2015 байни дастаҳои "Ал-Ҷайш"-и Сурия ва СК "Кувайт"-ро дар гурӯҳи "D"-и мусобиқа хизматрасонӣ кардааст. Ин бозӣ мусовӣ бидуни гол анҷом ёфт.

Лентаи хабарҳо
0