ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон дар соли 2015 бо 100 мошини зиреҳпӯши навъи БТР-82А мусаллаҳ хоҳад шуд, менависад РИА Новости бо такя ба суханҳои ёвари фармондеҳи нирӯҳои Ҳавзаи марказии низомии артиши Русия Ярослав Рошупкин.
Ин мошинҳои насли нав аз корхонаи мошинсозии "Арзамас", ки дар вилояти Нижний Новгород воқеъ аст, ба гуфтаи ӯ, бар ивази навъҳои кӯҳнаи зиреҳпӯшҳои низомӣ ба пойгоҳи 201-ум оварда мешаванд.
"Ҳайати пойгоҳи 201-ум аз ҳоло барои омӯхтани тарзи истифодаи зиреҳпӯшҳои нав ба навбат ба қисмҳои низомии вилояти Самара фиристода мешаванд. Ин қисмҳои низомӣ аллакай як сол мешавад, ки бо мошинҳои БТР-82А мусаллаҳ шудаанд", — гуфтааст Рошупкин.
Тавре зикр мегардад, БТР-82А бо тӯпи автобматии 2А72, калибраш 30 миллиметр, пулемёти ПКТМ, калибраш 7,62 миллиметр, харитаҳову дурбинҳои насли нав ва ҳамчунин бо дастгоҳҳои мухобиротии насли панҷум муҷаҳҳаз шудааст. Ин навъи мошинҳои ҷангиро артиши Русия дар шароити ҷанг дар кӯҳистон, аз ҷумла дар Чеченистон озмоиш кардааст.
Пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон бузургтарин пойгоҳи хориҷии нирӯҳои заминии артиши Русия ба шумор меравад. Воҳидҳои низомии ин пойгоҳ дар ҷануби пойтахт, шаҳри Душанбе ва ҳамчунин дар шаҳрҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа дар ҷануби Тоҷикистон мустақар шудаанд. Тоҷикистон дар соли 2012 замони будубоши пойгоҳи Русияро то соли 2042 тамдид кард. Бар асоси ин қарордод, пойгоҳи Русия аз пардохти ҳаққи иҷора ба Тоҷикистон озод шуда, сарбозони ин пойгоҳ ва аҳли хонаводаи онҳо аз ҷавобгарии ҷиноӣ дар қаламрави ин кишвар низ мисли дипломатҳои хориҷӣ масуният доранд.