ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Турсуной Зокирова, соҳибкорзан ва экстрасенси маъруф дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, 23-юми март дар ҳузури президент Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қайроқум 10 хонаро ройгон ба ниёзмандону ятимон тақдим намуд, менависад сомонаи раисҷумҳур.
Ӯ зимни ифтитоҳи бинои панҷошёнаи истиқоматӣ, ки бо харҷи беш аз 3 миллион сомонӣ сохтааст, худро пайрави Эмомалӣ Раҳмон гуфта, дар хитоб ба раисиҷумҳур афзуд, "шумо ятимпарвареду мо пайрави шумо".
Бинои бунёдкардаи Зокирова дорои 35 хона буда, 10 хонаи он ба маъюбон, ятимон ва оилаҳои ниёзманд ройгон тақдим шудааст.
"Калидҳои ин хонаҳо ба соҳибонашон аз ҷониби президент ва худи соҳибкорзан супурда шуд. Бинои истиқоматӣ ва хонаҳои он бо тарҳи зебо ва бо шароити мусоиди замонавӣ бунёд гардидаанд", — навиштааст сомона.
Турсуной Зокирова дар баробари корҳои хайраш бо қобилияти фавқулоддаи экстрасенсорияш дар қаламрави ИДМ маъруф буда, ғолиби барномаи машҳури "Битва экстрасенсов-4" мебошад.
Дар сомонаи махсуси Турсуной Зокирова дар шабакаи интернет гуфта шудааст, ки ӯ қобилияти фавқулодаи худро баъди фавти модараш кашф кардааст. Турсуной Зокирова соли 1956 дар шаҳри Хуҷанд дар як оилаи серфарзанд чашм ба дунё кушода, соҳиби 3 фарзанд мебошад.
"Баъди таваллуди фарзанди сеюм табибон мегӯянд, ӯ мубталои саратони сина шудааст, вале Зокирова пешниҳоди ҷарроҳиро рад карда, баъди 14 соли мубориза бар ин беморӣ ғолиб шудааст. Пойҳои Зокирова низ баъди марги модараш дар соли 1993 аз кор мондаанд ва бо мушкилӣ роҳ мегаштааст. Гарчанде тамоми бадани Зокирова дард мекардааст, табибон даъвое наёфтаанд ва ниҳоят ӯ мустақилона ба табобати худу дигарон оғоз кардаааст", — навиштааст сомонаи Зокирова.
Ӯ, ки дар "Битва экстрасенсов-4" дар шабакаи ТНТ ғолиб шудааст, изҳор медорад, ки тоҷик аст, вале аз ғайб ба ӯ иттилоъ бо забони узбакӣ мебиёяд. Ӯ ба суол дар ин бора посух додааст, ки "ман ӯзбак нестам ва ҳатто бо ин забон сухан гуфтан наметавонам. Аммо гуфтугӯҳои ӯзбакиро мефаҳмам. Намедонам, барои чӣ, аммо фариштаҳоям бо ман бо забони узбакӣ сухан мегӯянд ва ман онро тарҷума карда, мерасонам".