Наврӯз-2015 дар Москав 20 созмони аққалиятҳои миллиро гирдиҳам меорад

© wikimedia.org/Betsi JaneКохи "Россия". Акс аз бойгонӣ
Кохи Россия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пойтахи Русия барои бори даҳум аз Наврӯз бошукӯҳ таҷлил мешавад, ки ба сокинон бо шукӯҳаш, намоишгоҳҳо, ғизоҳо ва ҳунарнамоии гурӯҳҳои ҳунарӣ мақбул шудааст.

ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Таҷлили умумишаҳрии Наврӯз соли ҷорӣ 21 март дар кохи ҳунарии "Россия" баргузор мешавад, хабар медиҳад пойгоҳи хабарии "Русия барои ҳама" бо истинод ба муаллифи ин тарҳ Хуршеда Ҳамроқулова.

Ба гуфтаи вай, дар ин ҷашн намояндагони ҳафт сафоратхонаҳои кишварҳои дуру наздик ва ҳудуди 20 созмонҳои аққалиятҳои миллӣ ширкат хоҳанд кард.

"Наврӯзи Москав он қадар писанди сокинони ин шаҳр шуд, ки дар тӯли даҳ сол ин ҷашн амалан ба ҷашни дорои аҳамияти байналмиллалӣ табдил шуд", — гуфт Ҳамроқулова.

Навҳаи таҷлили Наврӯ, ба гуфтаи муаллиф, бо дастури раҳбари гурӯҳи кории оид ба фарҳанг, шӯрои умури аққлиятҳои назди ҳукумати Москав Виктория Скопенко таҳия шудааст.

"Зимни таҳияи ин тарҳ ман раҳбарони ҳашт созмони аққалиятҳои миллии Москавро, ки барояшон Наврӯз ҷашни маъмулӣ ва азиз мебошад, мутақоъид сохтам, ки талошҳои худро барои баргузории ҷашни умумишаҳрӣ муттаҳид созанд", — гуфт Хуршеда.

Наврӯзи умумишаҳрӣ дар Москав барои бори нахуст соли 2006 таҷлил шуд. Он замон ин маросим дар саҳнаи "Панҷ баҳр"-и Намоишгоҳи дастовардҳо бо ширкати ҳашт созмони аққалиятҳои миллӣ ва бо ҳузури меҳмонони зиёде баргузор шуд.

Дар пойтахти Русия маросими таҷлил аз Наврӯз барои бори даҳум бошукӯҳ баргузор мешаванд. Барномаи ин ҷашновара баргузории намоишгоҳҳо ва фурӯши маводди дастсохти миллӣ, варзишҳо, чашидани ғизоҳои миллӣ ва ҳамчунин ҳунарнамоии гурӯҳҳои ҳунарии Москавро дар бар дорад.

Лентаи хабарҳо
0