Дар Бодканд ва Исфара Наврӯзи муштарак таҷлил мешавад

© Sputnik / Ратушенко / Гузариш ба медиабонкСуманакпазӣ дар арафаи Наврӯз. Акс аз бойгонӣ
Суманакпазӣ дар арафаи Наврӯз. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти Бодканд ва Исфара якдигарро барои иштирок дар таҷлил аз маросимҳои Наврӯзӣ дар рӯзҳои 21- ум ва 22-юми март даъват кардаанд.

ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Мақомоти давлатии Бодканди Қирғизистон ва Исфараи Тоҷикистон якдигарро барои ширкат дар иди Наврӯз ба меҳмонӣ даъват кардаанд, менависад "Радиои Озодӣ".

Ҳарду ҷониб ширкат дар маросими якдигарро тасдиқ карданд ва қарор аст, ҷашн дар Бодканд рӯзи 21-ум ва дар Исфара 22- юми март баргузор шавад.

Иқбол Тешаев, сухангӯи раиси шаҳри Исфара дар суҳбат бо радио гуфтааст, ин даъват аз ҷониби исфарагиҳо бо дилгармӣ пазируфта шуда, рӯзи шанбеи 21 март як ҳайат аз мақомот ва афроди бонуфузу фаъолони ноҳия барои табрики наврӯзӣ ва иштирок дар маросимҳои ҷашнӣ озими Бодканд хоҳанд шуд.

Ҳамчунин, рӯзи якшанбеи 22 — уми март, ки ҷашни Наврӯз дар шаҳри Исфара таҷлил мешавад, меҳмони бодкандиро даъват кардаанд ва он ҷониб омодагии худро изҳор доштааст.

Илова ба ин, рӯзҳои 23-юм ва 25-уми март дар мавзеъҳои Чоркӯҳ ва Гулистони Исфара мусобиқаҳои гӯштин ва аспдавонӣ баргузор хоҳад шуд ва барои ширкат дар онҳо варзишгарони қирғиз аз Бодканд даъват шудаанд. Дар канори ин мақомот ва куҳансолони ҷамоатҳои Чоркӯҳи Исфара ва Самарқандак низ ҳамдигарро ба сари дастархонҳои наврӯзии худ даъват кардаанд.

То сард шудани муносибатҳо миёни сокинони марзии Исфараву Бодканд дар соли гузашта дар пайи муноқишаҳои марзӣ сокинони ин ду минтақаи ҳамсоя ҷашну маросимҳои ҳамдигар, ба хусус ҷашни умумии солинавии ниёгон — Наврӯзро дар канори гирди як хони наврӯзӣ истиқбол мекарданд, навиштааст "Озодӣ".

Қабл аз ин дар аввалҳои моҳи феврали соли равон мақомоти Исфараву Бодканд дар як мулоқот дар мавриди доир кардани вохӯриҳои доимӣ ба хотири таъмини оромиву субот дар марз ва ҳалли зуд ва саривақтии мушкилоти марзӣ тасмим гирифта буданд. Рӯзи 9 — уми феврал як ҳайат аз раисони Исфараву 3 ҷамоати марзии ин ноҳия барои нахустин дидор ва табрики раиси навтаъини Бодканд Кенеш Солеҳов ба Бодканд рафта, бо мақомоти қирғиз масоили беҳтар кардани муносибатҳои мардуми минтақаро баррасӣ карданд.

Дар ин нишаст раисони Исфараву Бодканд гуфтанд, ки чанд моҳи охир сокинони марзии ин ду ноҳияи ҳамсояи сарҳадӣ ором ва бе ҷанҷолу муноқиша зиндагӣ доранд ва дар оянда ҳамзистиву ҳамкориҳои байни ҳамро густариш хоҳанд дод.

Бори охир мушкили марзӣ дар дар маҳаллаи "Баҳор"-и Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зимни гаштугузори марзбонҳои мусаллаҳи Қирғизистон дар ин қаламрав рӯй дода буд. Пеш аз он дар марзи байни Исфара ва Бодканд чандин ҳодисае сар зад, ки ба ҳалокати шаҳрвандони Тоҷикистон оид шуд. Сабаби ин ҳолро коршиносон дар он мебинанд, ки марзи байни ду давлат дақиқ нашудааст.

То ҳоло аз 976 километри марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 519 километраш муайян шуда, тарафҳо қарор аст, 351 километри боқимондаро мушаххас намоянд.

Лентаи хабарҳо
0