Ҳавошиносон дар Наврӯз борон, жола ва раъду барқро пешгӯйӣ мекунанд

© Sputnik / Амир ИсаевБорон дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Борон дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба пешгӯии ҳавошиносон зимни раъду барқ тақвияти боди ғарбӣ то 15-20 метр дар як сония ва коҳиши ҳарорати ҳавои рӯзона дар водиҳо то 12-16 дараҷа дар назар аст.

ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Ҳавои номусоид 24 март пешбинӣ мешавад: борон меборад ва дар баъзе ҳолат борони шадид, раъду барқ ва боридани жола имконпазир аст, омадааст дар хабари Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон, ки дар сомонаи ин ниҳод мунташир шудааст.

"Боридани борон (дар баландии беш аз 2000 ҳазор метр борон ва барф), баъзан боришоти шадид (ба ҷуз аз навоҳии шарқии ВХБК), раъду барқ ва жола", — зикр шудааст дар хабар.

Зимни раъду барқ, таъкид мекунад Маркази ҳавошиносӣ, эҳтимоли боди шадиди ғарбӣ то 15-20 метр дар як сония ва коҳиши ҳарорати ҳавои рӯзона дар водиҳо то 12-16 дараҷа дар назар аст.

Ба иттилоъи ҳавошиносон, дар манотиқи наздикӯҳии вилояти Суғд ва Хатлон ва навоҳии тобеъи марказ вуқӯи селобҳо эҳтимол дорад. Дар нишебиҳои қаторкӯҳи Ҳисор (Варзоб-Шаҳристон), дар гарданаи Хабуробод хатари ҷорӣ шудани селобҳо имконпазир аст.

Лентаи хабарҳо
0