ОИБ “Россия сегодня” барои таҷлил аз Рӯзи Ғалаба иқдоми нав мекунад

© Sputnik / Георгий Зельма / Гузариш ба медиабонкНабарди Сталинград. Акс аз бойгонӣ
Набарди Сталинград. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба манзури таҷлил аз рӯзи Ғалаба Оҷонсии иттилоотии байналмилалӣ маводи чандрасонаии худро дар бораи солгардҳои калидии Ҷанги бузурги ватанӣ бо истифода аз фанновариҳои муосир муаррифӣ мекунад.

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Ба манзури таҷлил за 70-мин солгарди Пирӯзии Бузург ОИБ "Россия сегодня" иқдомоти иртибототиеро роҳандозӣ мекунад, ки то 2 сентябр идом меёбад — рӯзи анҷоми Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ, хабар медиҳад маркази матбуотии хабаргузории байналмиллалӣ.

Иттилоъ дода мешавад, ки дар сомонаи хабаргузорӣ ва дар таблоҳои шаҳрӣ дар Маскав, Санкт-Петербург ва Екатеринбург лавҳаҳои таърихии чандрасонаии "15 зарбаи Артиши Сурх", ки ба набардҳои калидии Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шудаанд, ба намоиш гузошта мешаванд.

Беҳтарин аксҳои ОИБ "Россия сегодня" дар соли 2014

"Дар чорчӯби ин тарҳ аз сӯйи оҷонсии иттилоотӣ лавҳаҳои чандрасонаӣ дар бораи муҳимтарин набардҳо таҳия шудаанд. Лавҳаи нахустин дар бораи набарди Сталинград қисса мекунад: нерӯҳои мухолифро зидди ҳам гузошта тавассути шоҳидони ин набард — афсарон ва сарбозон дар борааш ҳикоят мекунад. Ин иқдом ҳамчунин аз набардҳои Курск, Ленинграду Новгород, Днепру Карпат ва амалиёти Қрим, "Багратион" ва марҳилаҳои дигари калидии Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ иттилоъ медиҳад", — омадааст дар баёнияи расмии ОИБ "Россия сегодня".

Дар ҳар як лавҳаи чандрасонаӣ навҳаҳои мухталиф истифода шудаанд: наворҳои нодири бойгонӣ, нақшаҳои муҳорибаҳо, ки тавассути фанновариҳои муосир эҳё шудаанд, инфографика, таъсироти садоӣ ва наворӣ.

Барои иҷрои ин тарҳ бойгонии хусусии хабаргузорӣ ва Гостелерадио истифода шудаанд. Понздаҳ лавҳаи чандрасонаӣ дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамчунин ба забонҳои англисӣ ва чинӣ низ мунташир мешаванд.

Ин тарҳ ба навҳаи онлайн ва оффлайн иҷро мешавад. Ҳамзамон, бо оғози ин тарҳ дар бахши сомонаи ria.ru (www.ria.ru/15udarov), indoor ва outdoor ин иқдом дар ду пойтахт ва шаҳри Екатеринбург оғоз мешавад.

Лентаи хабарҳо
0