Тирпарронӣ дар яке аз ресторанҳои Шветсия чанд кушта бар ҷой гузошт

© Sputnik / Сергей Пятаков / Гузариш ба медиабонкТир
Тир - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ду фарди ношинос ба ресторане дар шаҳри Гетеборг ворид шуда ва аз нади дар бо автоматҳо тирпарронӣ карданд, пулис бар ин назар аст, ки ин як навъи “муколама” миёни гурӯҳҳои ҷиноӣ аст.

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Дар пайи тирпарронӣ дар ресторане дар ҷазираи Хисингени шаҳри Гетеборг ду нафар кушта ва ҳашт нафари дигар захмӣ шуданд, менависад РИА Новости бо истинод ба расонаҳои Шветсия.

Тирпаррониро аз автоматҳо, ба гуфтаи шоҳидон, ду фарди зимни ворид шудан ба ресторан оғоз карданд.

Пулис ҳадс мезанад, ки теъдоди кушташудагон метавонад афзоиш ёбад, зеро вазъи бархе за ҷароҳат бардоштагон вазнин аст.

"Мусаллам аст, ки ин ҷинояти оддӣ нест. Ин ҷинояти сангин мебошад ва далоиле вуҷуд дорад, ки ин амр ба гурӯҳҳои ҷиноӣ марбут мебошад", — гуфт намояндаи пулиси Гетеборг Улла Брем.

Дар бораи боздошти муттаҳамон то ҳол гузориш нашудааст.

Лентаи хабарҳо
0