НАТО то тирамоҳ дар Гурҷистон маркази тамринот ифтитоҳ мекунад

© Sputnik / Давид Хизанишвили / Гузариш ба медиабонкТамриноти НАТО дар Гурҷистон
Тамриноти НАТО дар Гурҷистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ифтитоҳи маркази омӯзишиву тамринот дар Гурҷистон дар чорчӯби иқдомоти мушорикат барои узвияти ин кишвар дар НАТО, ки дар ҳамоиши ин созмон дар Уэлс дар моҳи сентябри соли 2014 тасвиб шуда буд, сурат мегирад.

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Маркази тамриноти НАТО дар Гурҷистон эҳтимолан дар тирамоҳи соли ҷорӣ боз мешавад, изҳор дошт рӯзи сешанбе муовини вазири дифоъ Леван Гирсиашвили дар нишсти хабарӣ, менависад РИА Новости.

Ифтитоҳи маркази омӯзишиву тамринотӣ дар Гурҷистон, менависад хабаргузорӣ, дар чорчӯби иқдомоти мушорикат барои талошҳои Гурҷистон барои узвият дар НАТО, ки дар ҳамоиши ин созмон дар Уэлс дар моҳи сентябри соли 2014 тасвиб шуда буд, сурат мегирад. Дар ин марказ низомиёни ин созмон ва кишварҳои шарик омӯзиш дода мешаванд.

Хабаргузорӣ бо истинод ба "Новости — Грузия" менависад, ки ба манзури арзёбии зербаноҳо барои таъсиси маркази тамринотӣ дар Гурҷистон намояндагони НАТО қарор доранд. Рӯзи сешанбе онҳо ҷузъиёти ин мавзӯъро дар вазорати дифои кишвар матраҳ кардаанд.

"Эҳтимолан дар тирамоҳ мо дар сададем ин марказро ифтитоҳ кунем, барои ин раванд муддати муайяне зарур аст", — изҳор дошт Гирсиашвили дар нишасти хабарӣ баъд аз ин дидор. Ҳамзамон вай боз иброз дошт, ки таъсиси маркази тамринотӣ дар Гурҷистон "хатароте дар пай надорад, зеро пойгоҳи низомӣ маҳсуб намешавад".

Қаблан муовини дабири кулли НАТО Александр Вершбоу изҳор дошта буд, ки пойгоҳи низомии "Вазиани" дар наздики Тбилисиро номзади қавӣ барои таъсиси маркази омӯзишиву тамринотии муштарак арзёбӣ мекунад.

Ҳамкории Гурҷистон бо НАТО аз соли 1994 оғоз шуд, ки он замон Гурҷистон ба барномаи "Ҳамкорӣ ба хотири сулҳ" (PfP — Parntnership for Peace) бипайваст. Баъд аз вуқӯи "инқилоби садбаргҳо" аз соли 2004 ҳамкории Гурҷистон бо НАТО тақвият ёфтанд. Дар моҳи апрели соли 2008 дар Бухарест дар ҳамоиши раҳбарони кишварҳои узви ин созмон таъйид шуд, ки Гурҷистон дар оянда агар ба меъёрҳои ин созмон ҷавобгӯ шавад, метавонад ба узвияти НАТО пазируфта шавад.

 

Лентаи хабарҳо
0