Ҳукумати Хуҷанд то Наврӯз шаҳрро тозаву озода мекунад

© Sputnik / Владимир Федоренко / Гузариш ба медиабонкПартовгоҳ. Акс аз бойгонӣ
Партовгоҳ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони коммуналии шаҳр бо реҷаи изтирорӣ фаъолият мекунанд. Ҳар рӯз аз маркази маъмурии устони Суғд ҳудуди 300 мукааб партов берун бароварда мешавад.

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Ҳукумати Хуҷанд тасмим дорад то Наврӯз шаҳрро тозаву озода карда партовҳоро аз он ҷо ба куллӣ берун барад, менависад ОИ Авеста.

Аз ин рӯ, ба ҳисоби миёна ҳар рӯз аз маркази маъмурии вилояти Суғд ҳудуди 300 мукааб партов берун бароварда мешавад. Кормандони бахши коммуналӣ бошанд дар ҳолати изтирорӣ фаъолият доранд.

Партовҳои маишӣ аз шаҳр ба беруни он интиқол ёфта, дар 17 километрии дуртар аз Хуҷанд нобуд карда мешаванд. Дар ҳоли ҳозир дар шаҳр 83 нуқтаи партовпартоӣ насб шудааст.

"Дар арафаи таҷлили Наврӯз шаҳр комилан аз партов ва дигар ашёи нозарур тоза карда мешавад",- иброз доштанд дар ҳукумати Хуҷанд.

Ба қавли масъулини ҳукумати вилояти Суғд ҷашни байналмилалии Наврӯзи бостон дар Хуҷанд дар сатҳи баланд баргузор хоҳад шуд.

 

Лентаи хабарҳо
0