ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Гузаргоҳи гумрукии "Гулистон" дар марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон аз сӯйи Идораи гумрук бо истифода аз маболиғи Бонки осиёии рушд (БОР) бозсозӣ мешавад, омадааст дар хабари сомонаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии ҶТ.
Ҳукумати Тоҷикистон барои интихоби ширкати сохтмонӣ барои бозсозии гузаргоҳи гумрукии "Гулистон" дар ноҳияи Исфараи вилояти Суғд дар марз бо Қирғизистон озмун эълом кард. Мӯҳлати ниҳоии пешниҳоди аснод 17 март муқаррар шудааст.
Сохтмони ин муассиса аз ҳисоби кӯмаки молии бебозгашти Бонки осиёии рушд барои иҷрои тарҳи минтақавии беҳбуди хадамоти марзӣ сурат мегирад.
"Умури сохтмонӣ бунёди бинои маъмурӣ, гузаргоҳи марзӣ, хобгоҳи марзбонон ва бинои "Равзанаи воҳид" ва ҳамчунин сохтмони таъсисоти ёрирасон: таъмини об, гармӣ, рӯшанӣ, низоми корез, мумфаршкунии минтақа ва истгоҳҳо барои мошинҳои боркаш ва сабук ва ғайраро дарбар мегирад", — омадааст дар санади озмун.
Талаботи аслӣ ба ширкаткунандагон ин аст — иҷрои дастикам ду тарҳ дар тӯли панҷ соли ахир барои сохтмони биноҳои маъмурӣ ва таъсисот, ки ҳазинаи ҳар як тарҳ бештар $1,4 миллион бошад. Мизони солонаи фаъолияти молии ширкаткунанда бояд ҳадди ақал $3,6 миллион дар се соли ахир бошад.
Ҳазинаи умумии тарҳ ба иттилоъи БОР $11,1 миллион мебошад, аз ҷумла кӯмаки бебозгашт дар ҳаҷми $9,2 миллион ва саҳми ҳукумати Тоҷикистон 1,9 миллион аст. Интизор меравад, ки ин тарҳ то соли 2017 иҷро мешавад.
Ба иттилоъи Хадамоти гумруки Тоҷикистон раванди таҳияи тарҳи ин таъсисот авохири соли 2014 оғоз шуда буд.