Раиси вилояти Суғд бо аксарияти раъй номзад ба Маҷлиси миллӣ шуд

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в FacebookАбдураҳмон Қодирӣ. Акс аз бойгонӣ
Абдураҳмон Қодирӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, бо ҷонибдории 69 вакили вилоятӣ ҳамчун номзад ба вакилии Маҷлиси миллӣ пешбарӣ шудааст.

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Номзадии Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, иттилоъ додааст сомонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд.

Номзадии Қодирӣ дар нахустин ҷаласаи вакилони халқи тозаинтихоби вилоят пешниҳод шудааст. Ба иттилои сомона, пешбарии номзадии Қодирӣ дар асоси раъйдиҳии пинҳонӣ сурат гирифта, ҳамаи 69 вакил аз он ҷонибдорӣ кардааст.

Даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб номзади Маҷлиси миллӣ шуд

Абдураҳмон Қодирӣ 62 сол дошта, зодаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аст. Аз соли 1996 то 2002 дар вазифаҳои муовини раиси вилоят кор карда, солҳои 2002-2004 дар мансаби муовини аввали раиси вилояти Суғд ва солҳои 2004-2006 дар вазифаи раиси ноҳияи Зафаробод фаъолият доштааст.

Соли 2006 бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон вазири кишоварзӣ ва ҳифзи табиати кишвар таъин гардида, соли 2008 дубора муовини аввали раиси вилояти Суғд баргузида шуд. Барои фаъолияти меҳнатиаш бо мукофотҳои давлатии ордени "Шараф" дараҷаи 1 ва бо медали ҷашнии "10 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" сарфароз гардидааст.

23 ноябри соли 2013 иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд таъин гардида, аз 15 феврали соли 2014 бо дастури Эмомалӣ Раҳмон ба ҷои Қоҳир Расулзода, сарвазири кунунии Тоҷикистон ба курсии раҳбарии раиси вилояти Суғд нишаст.

Аз ин пеш дар нахустин ҷаласаи Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе номзадии Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе ва аз шаҳри Кӯлоб, номзадии Хайрулло Амонулло, раиси ин шаҳр ба узвияти Маҷлиси миллӣ пешниҳод шуд.

Бар асоси фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё худ палатаи болоии парлумони кишвар 27 марти соли 2015 таъйин шудааст.

Лентаи хабарҳо
0