Расонаҳо: дар Тоҷикистон “генерали тақаллубӣ”-и Русия боздошт шуд

© Sputnik / Олег ЗолотоЛибоси ҷашнии генерали рус. Акс аз бойгонӣ
Либоси ҷашнии генерали рус. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сокини чирадасти вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон барои худ санади тақаллубие мақоми баландпояи ниҳоди қудрати вуҷуд надоштаи Русияро таҳия карда, аз ҳамватанони зудбовари худ бо ваъдаи ихтисоси қитъаи замин пул меситонид.

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Маҳмадалӣ Давлатшоев, сокини Тоҷикистон аз сӯйи маъмурони ВКД барои тақаллубкорӣ боздошт шуд, зеро худро генерал-майори "Кумитаи Федералии Русия дар умури мубориза бо фасод дар вилояти Хатлон" муаррифӣ мекард, хабар медиҳад "TJinform.com".

Ба иттилоъи ин вазоратхона, Давлатшоеви дар ҳафтаи гузашта боздоштшуда, худро дар назди сокинони вилоят мақоми баландпояи низомии Русия муаррифӣ карда, аз онҳо барои кӯмак дар ихтисоси қитъаи замин пул меситонид.

"Дар маҷмӯъ тақаллубкор ба маблағи умуии 400 ҳазор сомонӣ пул ҷамъ кардааст. Барои "ҷудо кардани қитъаи замин" вай аз 3 то 20 ҳазор доллар мегирифт. Ҳамаи ин маблағро ин мард ба аҳдофи хусусӣ, аз ҷумла харидории колоҳои гаронарзиш ва мошинҳо масраф кард", — омадааст дар хабар.

Хабар дода мешавад, ки барои мутмаъин шудани бархеҳо вай санади шахсиашро нишон медод, ки дар он вай Давлатшоев Маҳмадалӣ Раҳимович, генерал-майор, раиси Бахши вилояти Хатлони ҶТ Сарраёсати Идораи Федероли мубориза бо фасоди ФР муаррифӣ шудааст.

Алайҳи ин тақаллубкор парвандаи ҷиноӣ боз шуда феълан таҳқиқи он идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0