Нахустин ҷаласаи парлумони ҷадиди ҶТ бидуни мухолифон

© SputnikБинои порлумони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Бинои порлумони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нахустин ҷаласаи парлумони ҷадиди Тоҷикистон бидуни ширкати аҳзоби мухолиф ва баргузор мешавад.

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Ҷаласаи нахустини ҳайати ҷадиди Маҷлиси намояндагон, ки ба он вакилони аҳзоби мухолиф интихоб нашуданд, имрӯз баргузор мешавад, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

Тибқи маъмул ҷаласаро бояд куҳансолтарин вакили порлумон ифтитоҳ кунад. Сухангӯйи порлумони Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки куҳансолтарин вакил дар ҳайъати феълӣ раҳбари Ҳизби сотсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров мебошад, ки 63 сол дорад.

"Дар ҷаласаи нахустин умдатан масоили ташкилӣ, аз ҷумла таъсиси комитетҳо ва комиссияҳои порлумонӣ баррасӣ мешаванд. Мавзӯъи аслӣ — интихоби раиси Маҷлиси намояндагон мебошад", — таъкид кард сухангӯй.

Тибқи қавоиди нонавишта маъмулан ин симмат ба намояндаи шарқи кишвар вогузор мешавад. Панҷ соли ахир раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров, зодаи минтақаи Рашт, намояндаи ҳизби ҳокими халқи демократ буд, ки муҷаддадан аз ҳавзаи интихоботии Рашт вакил интихоб шуд.

Ба навиштаи хабаргузории Азия-Плюс, ба ҷаласаи нахустин ҳузури хабарнигорон иҷоза дода намешавад. Маркази матбуотии Маҷлиси намояндагон хабар дод, ки чунин тасмим аз сӯйи дафтари раёсати ҷумҳурӣ гирифта шудааст.

"Чун ҷаласаи нахустин бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад, ба ин масоил кормандони маркази матбӯъотӣ машғул буданд. Ин масъала аз мо бастагӣ надорад, вале дар ҷаласоти оянда мо ҳамаи хабарнигорон, аз ҷумла намояндагони васоити оммаи мустақил ва хориҷиро даъват мекунем", — гуфт Муҳаммадато Султонов.

Бояд зикр кард, ки дар тӯли 20 соли ахир ин барои бори нахуст аст, ки ба ҷаласаи нахустини ҳайъати ҷадиди порлумон намояндагони расонаҳои мустақил ва хориҷӣ роҳ дода намешаванд. Аз соли 1995 дар ҳамаи ҷаласаҳои нахустини ҳайъатҳои ҷадиди Маҷлиси намояндагон, ки маъмулан бо ширкати раиси ҷумҳури кишвар баргузор мешаванд, намояндагони расонаҳо ҳамеша ширкат доштанд.

Лентаи хабарҳо
0