Нерӯҳои ҳавоии дарёии Шимолӣ дар тамринот киштиҳои зериобиро меҷӯянд

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкҲавопаймои зиддикиштии Ил-38Н. Акс аз бойгонӣ
Ҳавопаймои зиддикиштии Ил-38Н. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Халабонҳои ҳавопаймоҳои зиддикиштиҳо ва чархболҳо ба дунболи назорати ногаҳонии нерӯҳои дарёи Шимолӣ ба самти дарёи Барентсево парвоз карданд. Ҳадафи халабонҳо истифода аз таҷҳизоти вижа барои ошкор сохтани киштиҳои обӣ ва тирпаронии тамринотӣ аст.

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Ҷузъу томҳои нерӯҳои дарёи Шимолӣ (неруҳои баҳрӣ) дар пайи назорати ногаҳонӣ ба ошкорсозии киштиҳои зериобӣ дар масирҳои истифодаи нерӯҳои худ оғоз карданд, хабар медиҳад РИА Новости.

"Бо гирифтани дастур аз фурӯдгоҳҳо нерӯҳои ҳавоии навбатдори зиддикиштиҳои дарёи Шимолӣ парвоз карданд. Мутахассисони ниҳодҳои фаннии заминӣ парвози васоили фаннии давраи дуввумро омода месозанд", — омадааст дар хабар.

Нахуст барои ошкор сохтани душмани шартӣ ҳавопаймоҳои зиддикиштии ИЛ-38 ва чархболҳои Ка-27 парвоз карданд. Халабонҳо маҳорати худ дар истифодаи таҷҳизот барои ошкорсозӣ ва маҳви нишонҳои шартӣ нишон медиҳанд. Ҳамчунин ҳавопаймоҳои Ил-38 умури иктишофии фазо дар дарёи Барентсоворо анҷом медиҳанд, таъкид мекунад вазорати дифоъ.

Русия нерӯҳои дарёии Шимолиро ба ҳолати омодабош даровард

Дар хабар зикр мешавад, ки халабонҳои ҳавопаймоҳои низомиву борбар, ки ба гурӯҳи дуввум шомил ҳастанд, барои парвоз ба ҷазоири уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ бо колоҳо барои таъминоти гурӯҳҳои нерӯҳои дарёи Шимолӣ омода ҳастанд.

Нерӯҳои мусаллаҳи Русия рӯзи душанбе назорати густурдаи омодагии нерӯҳои шимолии худ барои анҷоми амалиёти низомӣ дар шароити Арктикаро оғоз карданд. Назорати ногаҳонӣ, ки дар он даҳҳо ҳазор нафар низомиён шомиланд, дар баҳр, замин ва фазо анҷом мешавад. Ҳадафи он — "бозӣ бо мушакҳо" нест, ки маъмулан расонаҳои ғарбӣ чунин менависанд, балки беҳбуди наҳваҳои раҳбарии нерӯҳои мусаллаҳи Русия мебошад, зикр карданд дар вазорати дифоъ.

Ба гуфтаи сухангӯйи раиси ҷумҳури Русия Дмитрий Песков, ин "раванди доимӣ мебошад".

Лентаи хабарҳо
0