ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Дар нисбати Ҳамзат Бахаев, гумонбари боздоштшуда дар марги Борис Немтсов расман айб эълон шуд, аммо ӯ иттиҳомро эътироф намекунад, гуфт адвокаташ Софя Рубасская ба РИА Новости.
"Муфаттиш дар нисбати зерҳимояи ман дар асоси ду моддаи ҷиноӣ- 105 (куштор) ва 222 (нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ) айб эълон кард. Баъд аз ин, ӯро ҳамчун гунаҳкор пурсуҷӯ карданд, дар ҷараёни пурсиш ӯ изҳор дошт, ки гунаҳкор нест",-гуфт вакили мудофеъ.
Дар мавриди паҳлӯҳои ин қазия иттилои дигаре дода намешавад.
Зимнан, дар пайи қазияи қатли Борис Немтсов панҷ нафар боздошт шудаанд. Инҳо, иҷрокунандаи эҳтимолии супориш- Заур Дадаев, Анзор Губашев, бародари вай- Шаҳид Губашев, Ҳамзат Бахаев ва Тамерлан Эскерханов мебошанд. Қаблан, Дадаев нишондоди эътироф дода буд, аммо баъдан аз он даст кашид.
Мухолифи сарсахти ҳукумати Русия, сиёсатмадор Борис Немтсов шаби 28 феврал дар маркази Маскав ба қатл расид. Дар солҳои 1990 ӯ дар мансабҳои мухталифи ҳукумати вақти ФР кор карда, шурӯъ аз соли 2000-ум ба сафи мухолифин пайваст.