Дар Маскав қотили силсилавӣ аз Осиёи Миёна боздошт шуд

© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузариш ба медиабонкБоздошт. Акс аз бойгонӣ
Боздошт. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар утоқи меҳмонхонаи қотили силсилавии эҳтимолӣ дар хиёбони Болшая Юшунская маъмурони кофтукоби ҷиноии Маскав кордеро пайдо карда онро барои ташхис фиристоданд.

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Зодаи Осиёи Миёна ба иттиҳоми чанд куштор дар пойтахти Федератсияи Русия боздошт шудааст, хабар медиҳад Раёсати ВКД Русия.

Қотили силсилавӣ, зикр мешавад дар хабар, фарди 20 сола будаст ва дар утоқи меҳмонхонаи вай маъмурони кофтукоби ҷиноии Маскав кордеро пайдо карда онро барои ташхис фиристоданд.

Дар хабар зикр мешавад, ки аз моҳи октябри соли гузашта дар қаламрави минтақаҳои Ҷанубӣ, Шимолӣ ва Ҷанубу Ғарбии Москав чанд мавриди қатл бо истифода аз силоҳи сард сабт шудааст. Маъмулан ин қатлҳо шомгоҳон дар манозили маскунӣ дар биноҳо рух додаанд.

"Ҷинояткор худро корманди Мосгаз муаррифӣ карда барои ташхиси лӯлаҳо вориди манзил мешуд ва сипас ба қурбониён бо корд чанд захм зада маболиғ ва маводди заргариро ба сирқат мебурду нопадид мешуд", — хабар медиҳад ВКД ФР,

Гурӯҳи бозрасон, зикр мекунад ВКД ФР, далоиле дар даст доштанд, ки ин ҳама ҷиноётро як нафар анҷом додааст. Ба ин тартиб, бозрасон тавонистанд ҳуввияти ин қотилро мушшахас кунанд.

Зодаи Осиёи Миёна дар меҳмонхонае дар хиёбони Болшая Юшунская боздошт шуд.

Ҳамзамон, ба иттилоъи Life News, боздоштшуда шаҳрванди Тоҷикистон Анушервон Раҳмонов будааст, ки аз дасти вай зани пирансол дар ҷанубу ғарби пойтахт, соҳиби манзил дар хиёбони Башиловская ва ҳамчунин аъзои як хонавода дар хиёбони Нагатинская шудаанд.

"Дар авоили моҳи декабр Раҳмонов ба манзили хонаводаи Зарубинҳо мебарояд: вай ваҳшиёна зану шавҳри 52 сола Анатолий ва Елена, писари 27 сола Алексей ва модари солхғрда Еленаро ба қатл мерасонад. Ҷинояткор ба хотири мунфаҷир сохтани манзил чумаки газро боз мекунад, вале инфиҷор рух надод", — иқтибос овардааст хабаргузорӣ аз манбаи худ дар ниҳодҳои интизомӣ.

Маъмурон, ба навиштаи Life News, муддати тӯлонӣ талош доштанд, ки пайи қотили силсилавиро пайдо кунанд ва ин амр барояшон замоне муяссар шуд, ки қотил боз як қурбонии худро ба қатл расонид. Ба ҳангоми бозпурсӣ вай аз даст доштанаш дар як қатли дигар низ иқрор шудааст.

Анушервон Раҳмонов далоили куллияи қатлҳои худро сирқат ё дуздӣ унвон кардааст. Вале далоили нопадид шудани маболиғ ва ё маводди гаронарзиш аз манозили қурбониёнро бозрасон то ҳол пайдо накардаанд.

Лентаи хабарҳо
0