ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Гардонандаи барномаҳои телевизион, хабарнигори саршинос Ксения Собчак муваққатан Русияро тарк мекунад, иттилоъ медиҳад РИА Новости дар такя ба рӯзномаи "Коммерсант".
Қаблан, бархе аз расонаҳо хабар доданд, ки пас аз қатли мухолифи ҳукумати Русия Борис Немтсов унвонии Собчак номаҳои таҳдидомез ирсол шудаанд. Ҳамчунин, дар бораи мавҷудияти "рӯйхати куштамешудаҳо" аз миёни сиёсатшиносону журналистон иттилоъ пахш шуда буд ва гӯйё дар ин маврид президент низ огаҳ шуда буд. Аммо дар навбати худ сухангӯи райисҷумҳур Дмитрий Песков ин овозаҳоро бепоя хонда гуфт, онҳо асос надоранд.
"Коммерсант" менависад, рӯзи ҷумъаи гузашта Собчак пас аз нашри маҷаллаи L`Officiel таҳти роҳбариаш дар ин маврид ибрози назар карда гуфт, тасмим дорад аз Русия муваққатан берун равад.
"Ман намоиши "Издивоҷ" ("Женитьба)-ро дар Театри миллӣ мавқуф гузошта наметавонам, тавре ки ҳамин ғизои шомро натавонистам мавқуф гузорам, аммо худи фардо аз Русия барои чанд муддат берун меравам",- иқтибос меорад нашрия аз суханони Ксения Собчак.