Аҷсоди афроди дар “Адмирал” фавтидаи тоҷик ба ватан мунтақил мешаванд

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкРӯзи мотам ба хотири гиромидошти қурбониёни оташсӯзӣ дар "Адмирал"
Рӯзи мотам ба хотири гиромидошти қурбониёни оташсӯзӣ дар Адмирал - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндаи сафорати Тоҷикистон дар ФР хабар дод, ки зимни оташсӯзӣ дар маркази тиҷоратии “Адмирал” чаҳор шаҳрванди тоҷик фавтидаанд, на шаш нафар, ки қаблан гузориш шуда буд. Фавтидагон сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Душанбе будаанд.

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар Русия умуреро барои интиқоли аҷсоди фавтидагон дар оташсӯзии маркази тиҷорати "Адмирал" дар Қазон ба ватан анҷом медиҳад, менависад сомонаи ин ниҳод.

"Рӯзҳои наздик аҷсоди қурбониёни ин фоҷиъа дар ватан хоҳанд буд", — омадааст дар хабар.

Ин дар ҳолест, ки хабаргузории "Авеста" менависад, ки тибқи иттилоъи ахири сафорати Тоҷикистон дар оташсӯзии Қазон чаҳор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кушта шудаанд, на шаш нафаре, ки қаблан гузориш шуда буд. Боз шаш атбоъи дигари тоҷик захмҳо ва ҷароҳатҳо бардоштаанд.

Ба гуфтаи Муҳаммад Эгамзод, сухангӯйи сафорати Тоҷикистон, кушташудагон — сокинони ноҳияи Рӯдакӣ Эмомалӣ Риёеви 30 сола, Ҳимутуллоҳи Ҳайтуллохони 23 сола ва сокинони шаҳри Душанбе — Қосимҷон Тӯраеви 43 сола ва Алишер Давронови 18 сола мебошанд.

"Феълан дар бемористонҳои Қазон се нафар шаҳрвандони ҶТ — Абдусалом Сатторов (соли таваллудаш 1971), Саидхӯҷа Наботов (соли таваллудаш 1966) ва Абдуназар Миров (соли таваллудаш 1987) қарор доранд", — хабар дод Эгамзод.

Ҳамчунин ба гуфтаи вай, аз бемористон се нафар шаҳрвандони Тоҷикистон — Хайриниссо Мавлонова, Тоҷиддин Қандилов ва Кароматулло Обидов муррахас шудаанд.

Эгамзод хабар дод, ки ҳамаи кушташудагон ва осебдидагон дар фурӯшгоҳи "Адмирал" ба унвони фурӯшанда кор мекарданд ва ҳукумати Тотористон ба хонаводаҳои онҳо ҷубронпулӣ пардохт мекунад.

Изҳори ҳамдардии Сафорати ҶТ ба қурбониёни оташсӯзии бозори "Адмирал"

"Ба хонаводаҳои кушташудагон ҳукумати ҷумҳурӣ 1 миллионӣ рубл пардохт мекунаду махориҷи интиқоли аҷсод ба ватанро ҷуброн мекунад. Ба афроди осебдида ҷубронпулӣ ба маблағи аз 200 то 400 ҳазор рубл пардохт мешавад", — зикр кард вай.

Оташсӯзи дар маркази тиҷоратии "Адмирал" дар пойтахти Тотористон рӯзи чаҳоршанбе рух дод. Масоҳати оташсӯзи 4 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифт.

Лентаи хабарҳо
0