Аҳолии камбизоати Тоҷикистон қарзҳои боимтиёз дарёфт мекунад

© Sputnik / Амир ИсаевПули сомонӣ
Пули сомонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати ҶТ ба бонкҳо ва муассисоти молӣ, ки аз озмуни муқаддамотии сангин мегузаранд, барои ироаи қарзҳо ба мардум маболиғи аз Бонки рушди Олмон KfW дарёфтшуда ихтисос медиҳад.

ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Бонки рушди Олмон (KfW) ба муассисоти молии Тоҷикистон дар чорчӯби Барномаи рушди низоми молӣ дар манотиқи рустоӣ ва Барномаи сармоягузории манзилӣ қарзҳо ироъа мекунад, хабар медиҳад сомонаи вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон.

Бонки рушди Олмон маболиғро ба вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати ҶТ ихтисос медиҳад ва сипас ин ниҳод ба бонкҳо ва муъассисоти молӣ, ки аз озмуни муқаддамотии сангин гузаштаанд, барои ироъаи қарзҳо ба мардум ба пули сомонӣ ироъа мекунад. Мизони сармоягузорӣ дар ин ду барнома хабар дода нашудааст.

"Ин маболиғ барои ироъаи қарзҳо ба хонаводаҳое, ки берун аз шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд зиндагӣ мекунанду мизони даромадашон ба ҳар як сари хонавода камтар аз 1500 сомонӣ аст, пешбинӣ шудааст. Қарзҳо тибқи барномаи дуввум бо фоизҳои суди нисбатан камтар ироъа шуда барои рушди кишоварзӣ, аз ҷумла харидории таҷҳизоти фаннӣ пешбинӣ шудаанд", — зикр карданд дар ниҳод.

Ин қарзҳо ба куллияи корхонаҳои кӯчак, кооперативҳо ва соҳибкорони инфиродӣ, ки дар манотиқи рустоӣ воқеъ ҳастанд, ба ҷуз аз шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғон-теппа, Кӯлоб ва Истаравшан, ки теъдоди ҳадди ақали кормандонашон аз 50 нафар бештар нест, дастрас хоҳад буд.
Ба муъассисоти молӣ, ки дар ин барнома ширкат мекунанд, кӯмаки фаннӣ дар шакли мушовирҳои AFC Consultants International ва мактаби молия ва раҳбарии Фарнкфурт ироъа мешавад.

Тасмими ироъа ва ё радди ироъаи қарзҳо дар пайи таҳқиқи вазъи молии қарзгиранда, ки аз сӯйи коршиноси қарзӣ ба ҳангоми боздиди корхона ва баррасии асноди пешниҳодшуда ба даст меояд, гирифта мешавад.

Тибқи барномаи сармоягузории манзил муассисоти молӣ маболиғи қарзиро барои сармоягузории масканҳои хусусӣ дар манотиқи рустоӣ барои харидорӣ, сохтмон, бозсозии кулл ва тавсеъаи масоҳати манзил истифода мешаванд.

Яке аз нуқоти аслии ин барномаҳо коҳиши мизони суди қарзҳо аз сӯйи муъассисоти молӣ мебошад. Ҳамаи қарзҳо тибқи ин ду барномаи аз сӯйи созмонҳои кӯчаки молӣ, назири "Ҳумо", "Имон Интернешнл", Бонки Эсхата, Бонки нахустини қарзҳои кӯчак ва Оксус ироъа мешаванд.
Барномаи сармоягузории манзилӣ ва Барномаи рушди низоми молӣ дар манотиқи рустоии Тоҷикистон дар кишвар аз соли 2013, замоне ки нахустин қарзҳо ба маблағи 7 миллион евро 5,5 миллион евро ироъа шуда буданд, оғоз шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0