ВАО: журналистикаи тоҷик солхӯрда шудааст

© Sputnik / Амир ИсаевНашрияҳои Тоҷикистон
Нашрияҳои Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба назар мерасад ҳафтаи сипаришуда назар ба ҳама рӯйдодҳои муҳим таҷлили рӯзи матбуот барои нашрияҳои чопи Душанбе муҳимтарин мавзуъ буд.

ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Бештари нашрияҳои ин ҳафтаи чопи Душанбе дар бораи Иди матбуоти тоҷик ва қатли Умаралӣ Қувватов, раҳбари "Гурӯҳи 24" матлаб нашр кардаанд, менависад TojNews.

Ба назар мерасад ҳафтаи сипаришуда назар ба ҳама рӯйдодҳои муҳим таҷлили рӯзи матбуот барои нашрияҳои чопи Душанбе муҳимтарин мавзуъ буд. Чун бурду бохти як сол мавриди баҳсу баррасӣ қарор мегирад.  Аз суҳбату гузоришоти интишоршуда ва аз ибрози назарҳо метавон дарёфт, ки ба як соли гузашта аксаран назарҳои мутафовут доранд.

"СССР" (№11 (340) аз 12 уми марти соли 2015) дар сармақола зери унвони "Матбуоти мардуми тоҷик" аз бекадрӣ бонги изтироб задааст ва навиштааст, ки "журналистикаи мо мутаассуф солхӯрда шудааст. Сайёфи Мизроб, Акбари Саттор, Аҳмади Иброҳим, Нуриддин Қаршибоев, Раҷаби Мирзо, Сафват Бурҳонов, Зафари Сӯфӣ…дилбазан шудаем…Ба мардум чизи нав, каси нав, газетаи нав, матлаби нав, имзои нав лозим аст. Солҳои Шӯравӣ дар РСС Тоҷикистон ҳамагӣ 1 шуъбачаи журналистика дар назди кафедраи фолклор буд. Вале ҳар сол 20-25 журналист мебаровард. Имрӯз даҳҳо факулта, садҳо дипломи журналистика медиҳанд, вале ку журналисте???".

"Чархи градун" (№11 (967) аз 11 уми марти соли 2015) аз журналистоне ёд кардааст, ки замонҳои гуногун вакили мардум дар парламон буданд. Ва зимнан аз Муродулло Шеарлизода ёд кардааст, ки баъди маргаш як қисми кӯчаи Фединро ба номаш гузоштанд, вале ҳоло он кӯча пурра ба номи марҳум Асадулло Ғуломов, собиқ муовини аввали сарвазир гузошта шудааст. 

Профессор Мурод Муродӣ дар "Фараж" (№11 (432) аз 11 уми марти соли 2015) гуфтааст, ки "ҳафтаномаи "Нигоҳ" ҷуръати баланд дорад, "Озодагон" бештар фарҳангпазир шуда истодааст, "Фараж" бештар ба таҳқиқоту ҷанбаҳои сиёсӣ сарукор мегирад. Яъне, дар баробари он ки онҳо  дар маҷмуъ хусусиятҳои умумӣ доранд, аммо аз нигоҳи коршиносӣ бо ҳамон ҷиҳатҳо фарқ карданашон мумкин аст. Вале як чиз онҳоро ба ҳам меорад, ки ҳамаашон нияти хизмат кардан ба миллат доранд".

"Озодагон" (№10 (366) аз 11 уми марти соли 2015) навиштааст, ки "матбуоти тоҷик, ки имрӯз буҳронитарин давраи худро пушти сар мегузорад, барои ба вуҷуд овардани афкори иҷтимоӣ, барои доштани ҳуввияти худӣ, барои ҳимоя ва ҳифзи фазои иттилоотӣ шарафмандона ба унвони  сарчашмаҳои алтернативии ахбор талош дорад. Ҳарчанд, ки матбуот, яъне расонаҳои чопӣ дар миёни дигар анвоъи расонаҳо пешсаф нестанд, вале вале ҳамоно ифтихори матбуот доштанро аз мо нагирифтаанд".

"Тоҷикистон" (№10 (1104) аз 12 уми марти соли 2015) аз профессор Ҷовид Муқим иқтибос овардааст, ки мегӯяд "дар Тоҷикистон журналистикаи касбӣ шакл гирифтааст ва мо матбуоти касбӣ дорем. Журналистикаи касбӣ замоне шакл мегирад, ки талабот ба он бошад".

"Азия-плюс" (№19 (1002) аз 9 уми марти соли 2015) посухи коршиносон ва сардабирони нашрияҳоро ба суоли "Что ждёт" таджикские СМИ"? чоп кардааст. Назири Нусрат аз "Имрӯз-Нюс" гуфтааст, ки насле, ки мехонад, пир мешавад ва ҷавонон таваҷҷуҳе ба нашрияҳои чопӣ надоранд. ВАО-и электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашрияҳои чопиро танг кардаанд".

Аз назари Марат Мамадшо аслан чизе тағйир накардааст, ҳама дар сатҳи ҳамон панҷ ё даҳ сол пеш мондаанд. Қироншоҳи Шарифзода мушкили аслиро дар он дидааст, ки то ба ҳол мушкилоти расондани нашрияҳо ба хонанда вуҷуд дорад. Аз назари Хуршеди Атовулло ягон дурнамои рушди ВАО вуҷуд надорад. Бар асари буҳрон теъдоди чопи нашрияҳо зарфи чанд моҳи охир якбора поён рафт.

Дар мавзуъи кушта шудани сарвари "Гуруҳи 24" Умаралӣ Қувватов қариб аксари нашрияҳо гузоришу мақолаҳо чоп кардаанд, вале аксари ин мақолот (дар "Фараж", "Наҷот", "Миллат", "СССР"…) аслан хронологияи қатлу ҷанозаи соҳибкори фирории тоҷик аст.  "Азия-плюс" (№19 (1002) аз 9 уми марти соли 2015) истинодан ба суханони коршиносон қатли Умаралӣ Қувватов, роҳбари "Гуруҳи 24"-ро фармоишӣ ва ба хотири барҳам задани суботу амният дар кишвар донистааст. Муаллифи мақола менависад, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон  ду маротиба Истамбул рафтаанд, то ба истирдоди Қувватов муваффақ шаванд. Вале натавонистанд бо далелҳои худ ҳамкасбони туркашонро мутақоид созанд ва билохира Умаралӣ Қувватов аз боздошт раҳо карда шуд. 

Лентаи хабарҳо
0