Парванда алайҳи Давидова ба иттиҳоми хиёнати давлатӣ қатъ шуд

© Sputnik / Филипп Киреев / Гузариш ба медиабонкСветлана Давидова аз боздоштгоҳ озод мешавад
Светлана Давидова аз боздоштгоҳ озод мешавад - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Светлана Давидова 21 январ бо ҳукми додгоҳи Лефортовои Маскав боздошт шуда буд. Гузориш шуда буд, ки вай дар моҳи апрели соли гузашта бо сафорати Украина дар тамос шуда гуфтааст, ки воҳиди низомӣ дар наздикии манзилаш дар ноҳияи Вязмаи вилояти Смоленск “холӣ” шудааст.

ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Парванда алайҳи Светлана Давидова, ки фарзанди бисёр дорад ва ба хиёнати давлатӣ муттаҳам шуда буд, ба далели адами кирдори ҷиноӣ қатъ шудааст, хабар дод ба РИА Новости вакили мудофеъи вай Иван Павлов.

"Парванда алайҳи Светлана Давидова ба далели адами кирдори ҷиноӣ қатъ шуд. Аз вай куллияи иттиҳомот дар судури хиёнати давлатӣ лағв шуда барояш ҳуқуқи афв тавзеъ дода шуд", — иқтибос овардааст хабаргузорӣ аз навиштаи вакили мудофеъ дар сафҳааш дар Facebook.

Додгоҳи Лефортовои Москав 21 январ барои ҳабси Давидова ба мӯҳлати як моҳу 25 рӯз иҷоза дод. Хабар дода шуд, ки Давидова моҳи апрели соли гузашта бо сафорати Украина дар тамос шуда гуфтааст, ки воҳиди низомӣ дар наздикии манзилаш дар ноҳияи Вязмаи вилояти Смоленск "холӣ" шудааст. Ин зан ҳадс задааст, ки эҳтимолан сарбозон ба Донетск мунтақил шуданд. Баъд аз ин алайҳаш парвандаи ҷиноӣ боз карда шуд.

Давидова ҳафт фарзандашро, ки кӯчактаринаш ду моҳа аст, тарбият мекунад. Дар авоили моҳи феврал бозрасон наҳваи боздошти Давидоваро ба манъи ихроҷ аз маҳалли иқомат тағйир доданд. Модари серфарзанд боздоштгоҳи "Лефортово"-ро тарк карда бо мошин ба Вязма рафт.

Лентаи хабарҳо
0