ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Дар мағозаҳои пойтахти Ӯзбакистон маҳсулоти нав — бо номи палави консервашудаи "Палави тошкандӣ" пайдо шуд, хабар медиҳад "Сa-News".
Тавлидкунандагон зикр мекунанд, ки ин консерва маводди консервакунонӣ надорад ва ҳарчанд мӯҳлати тӯлонӣ нигаҳдорӣ мешавад, вале таъмаш бозгӯйи меъёрҳои ин ғизо боқӣ мемонад.
Ба навиштаи расонаҳои тошкандӣ, палави консервшуда тавваҷӯҳи муштариёнро ҷалб кардааст. Баъзеҳо аз шавқ тамъи онро месанҷанду базеи дигар барои фиристодан ба дӯстону пайвандонашон дар хориҷи кишвар онро харидорӣ мекунанд.
"Палави тошкандӣ" дар қуттичаҳои 670 грамма бо арзиши 22 770 сӯм (ҳудуди $9) ва дар қуттичаҳои 335 грамма бо қиммати 11 700 сӯм (ҳудуди $5) ба фурӯш гузошта шудаанд.
Ин дар ҳолест, ки арзиши 300 грамм палав дар ошхонаҳои пойтахти Ӯзбекистон 7 ҳазор сӯм (ҳудуди $3) мебошад, омадааст дар хабар.