ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Рӯзи панҷшанбе додситон тақозо кард, ки ровии саршиноси телевизионӣ дар Тоҷикистон ва номзади вакилии порлуомни кишвар дар интихоботи соли 2005 Муаттара Ҷӯраева барои 10 сол равонаи зиндон шавад, хабар медиҳад Озодагон.
Ровии собиқи телевизиони Тоҷикистон 15 октябри соли гузашта аз сӯйи Ожонси мубориза бо фасодд ба иттиҳоми тақаллуб боздошт шуда дар азхудкунии мабалағи зиёд, ки бо роҳи фиреб аз сокинони кишвар гирифта шудааст, айбдор мешавад.
Вале ба иттилоъи хабаргузории Азия-Плюс, додситон мешниҳод кард, ки ин мӯҳлат бо дарназардошти қонуни афв, ки аз сӯйи раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба манзури таҷлили 20-мин солгарди Қонуни асосии Тоҷикистон эълом шуда буд, кам карда шавад.
Рӯзҳои наздик Муаттара Ҷӯраева дар додгоҳ сухани ниҳоӣ хоҳад кард ва сипас ҳукми додгоҳ алайҳаш эълом мешавад.
Муаттара Ҷӯраева 4 июни соли 1975 дар Душанбе дар хонаводаи забоншиноси маъруф Рустам Ҷӯраев таваллуд шудааст. Вай хатмкардаи бахшҳои филология ва молияву қарзи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.
Дар авоили даҳаи 2000 вай раҳбари бахши ровиёни телевизиони Тоҷикистон буд ва дар соли 2003 бо ҷоизаи ба номи Лоҳутии Иттифоқи хабарнигорони Тоҷикистон сарфароз шуда буд.
Соли 2005 вай ба унвони номзад ба вакили дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон сабти ном шуда ва баъд аз шикат аз кор дар телевизион даст кашид ва тиҷорат рӯй овард.