ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Ҷузъи бозгашти киштии кайҳонии "Союз ТМА-14М" бо се нафар кайҳоннавард дар манотиқи мавриди назар дар биёбони Қазоқистон фуруд омад, хабар дод ба РИА Новости намояндаи Маркази танзими парвозҳо (МТП).
Баъд аз сафари нимсолаи кайҳонӣ кайҳоннавардони Роскосмос Елена Серова, Александр Самокутяев ва кайҳоннаварди NASA Барри Уилмор ба Замин баргаштанд ва онҳо аллакай аз ҷузъи бозгашти киштии кайҳонӣ берун оварда шуданд.
Ин ҳайат дар фазои кайҳонӣ беш аз 50 озмоишҳои илмӣ анҷом доданд. Бештаре аз онҳо барои илм, пизишкӣ ва дар маҷмӯъ барои инсоният аҳамияти муҳими амалӣ доштанд.
Аз ҷумла, Серова озмоиши беҳамтои "ВИЗИР" анҷом дод, ки дар ҷараёни он вай тавонист таъсисоти дилхоҳ дар Заминро аксбардорӣ кунад ва ҳамчуноне, ки мутахассисон тавонанд мавқеъи онро мушшахас кунанд ва баръакс — бо фармоиши вижа рӯйи заминро бо фанноварии махсуси сохти ватанӣ аксбардорӣ карда шавад.
То замони вуруди ҳайати тозаи кайҳоннавардон ба МКС дар истгоҳи кайҳонӣ Терри Вертса (NASA), Антона Шкаплерова (Роскосмос) ва Саманта Кристофоретти (ESA) боқӣ мемонанд.
Елена Серова дуввумин зани кайҳоннаварди Русия баъд аз Елена Кондакова (бо дарназардошти замони Иттиҳоди Шӯравӣ) аст, ки парвози кайҳонӣ анҷом дод.